Бахшҳо
06 окт 2016 12:04Тоҷикистон / Сиёсат

Созмони милал Дабири кулли нав дорад: Антониу Гутерриш

Абдуфаттоҳ ШАФИЕВ, Амрико

Антонио Гутерриш, собиқ сарвазири Португалия, собиқ раиси Комиссариати олии СММ доир ба масоили фирориён ва мушовири феълии давлатӣ дар Португалия, Дабири кулли баъдии Созмони милали муттаҳид хоҳад буд. Сарфи назар аз талошҳо ҷиҳати ба курсии Бан Ги Мун шинондани ягон бонуе аз Аврупои шарқӣ, Гутерриш дар рақобати ҷиддӣ ғолиб омад ва аз оғози соли 2017 ба маснади ҷадид хоҳад нишаст.


ИНТИХОБОТИ ДАБИРИ КУЛЛИ СММ -2016

Интихоби Дабири кулли СММ имсол ба осонӣ сурат нагирифт. Русия хеле ҳам талош мекард, то нафаре аз Аврупои Шарқӣ ба ин вазифа бирасад. Аз миёни 13 талабгор нуҳ нафарашон аз ин минтақа буданд. Ба он далел, ки то ҳол ҳеч бонуе ба маснади рақами аввали СММ нанишаста буд, ин бор якбора ҳафт зан барои ин курсӣ мубориза бурданд. Феҳраси пурраи довталабони Дабири кулли СММ ин гуна аст:
Ирина Бокова, Булғористон, Раҳбари ЮНЕСКО,
Кристалина Георгиева, Булғористон, Комиссари Иттиҳоди Аврупо доир ба буҷа ва тарҳрезии молӣ,
Ҳелен Кларк, Зеландияи Нав, Мудири барномаи рушди СММ,
Наталя Герман, Вазири умури хориҷа ва ҳамгироии аврупоии Молдова, иҷрокунандаи вазифаи сарвазири Молдова дар соли 2015,
Антониу Гутерриш, мушовири давлатии Португалия, собиқ сарвазири он кишвар,
Вук Еремич, собиқ вазири умури хориҷаи Сербистон, собиқ раиси Маҷмаъи умуми СММ дар солҳои 2012-2013,
Срҷан Карим, собиқ вазири умури хориҷаи Мақдунистон, собиқ раиси Маҷмаъи умуми СММ дар солҳои 2007-2008,
Мирослав Лайчак, вазири умури хориҷаи Словакия,
Сусанна Малкорра, вазири умури хориҷаи Аргентина,
Данило Турк, собиқ сарвазири Словения, собиқ ёвари Дабири кулли СММ доир ба масоили сиёсӣ.

Ин се нафари дигар дар раъйдиҳиҳои нахустин иштирок карда, сипас номзадишоянро бозпас гирифта буданд:
Весна Пусич, вазири умури хориҷа ва ҳамгироии аврупоии Хорватистон,
Игор Лукшич, вазири умури хориҷаи Черногория,
Кристиана Фигерес, Коста-Рика, раиси Конвенсияи СММ доир ба тағйири иқлим.

ДАБИРИ КУЛЛИ СММ-РО ЧӢ ГУНА ИНТИХОБ МЕКУНАНД?

Тибқи низомномаи СММ, Шӯрои амнияти он ( яке аз муҳимтарин ниҳодҳои СММ) номзадҳоро ба Маҷмаъи умуми СММ (ниҳоди дигари муҳим, ки ҳамаи кишварҳо узви он мебошанд) пешниҳод мекунад. Номзад бояд ҳеч раъйи мухолиф аз яке аз панҷ узви пайвастаи Шӯрои амнияти СММ надошта бошад. ИМА, Русия, Бритониёи Кабир, Фаронса, ва Чин узви пайвастаи Шӯрои амният мебошанд. Феълан, Ангола, Сенегал ва Миср аз Офриқо, Малайзия ва Ҷопон аз Осиё, Уругвай ва Венесуела аз Омрикои Лотин, Укроин аз Аврупои Шарқӣ, ва Испанияву Зеландия Нав аз Аврупои ғарбӣ ва соири кишварҳо узви муваққати Шӯрои амнияти СММ мебошанд. Ногуфта намонад, ки сар аз соли 2017 Қазоқистон низ узви муваққати Шӯрои амният хоҳад шуд.

Маъмулан, барои барнахестани баҳсу баррасиҳо дар Маҷмаъи умум Шӯрои амният танҳо як номзадро барои тасдиқ ба Маҷмаъ пешниҳод мекунад ва тасдиқи номзадии ӯ дигар танҳо кори расмӣ мебошад. Аз ин рӯ, қаблан дар Шӯрои амният раъйдиҳӣ сурат мегирад, то тавофуқ сари як номзад ҳосил гардад.

Бино бар қоидаи ғайрасмӣ намояндагони панҷ узви пайвастаи Шӯрои Амнияти СММ (ИМА, Русия, Чин, Фаронса, ва Бритониёи Кабир) номзадии худро ба ин маснад пешниҳод намекунанд. Аз рӯи одат, намояндаи яке аз минтақаҳоро бо навбат ба раҳбарӣ пешниҳод мекунанд. Азбаски, охирин намоянда аз Осиё буд ва қаблаш ҳам аз Офриқо, ин бор аврупоиҳо ва намояндагони Амрикои Лотин талош доштанд, то маснадро ба даст гиранд. Аврупои Шарқӣ ҳам ҳеч боре дар таърих Дабири кулли СММ надошт.

РАЪЙДИҲИИ ИМСОЛА

Ду намояндаи Омрикои Лотин аз оғоз ба нокомӣ мувоҷеҳ гардиданд. Пас аз он ки бону Фигерес аз Коста-Рика раъйи кам гирифт ва аз рақобат хориҷ шуд, танҳо вазири умури хориҷаи Аргентина Сусанна Малкорра боқӣ монд. Вале маълум буд, ки ӯ шонсе нахоҳад дошт, чун Бритониёи Кабир ба ҳеч ваҷҳ намояндаи Аргентинаро дар раъси СММ қабул нахоҳад дошт. Бритониёи Кабир ва Аргентина сари ҷазираҳое, ки аввалӣ ононро Фолкленд ном мебараду дувумӣ Малвина мехонад, ҷанг доштанд ва ҳоло ҳам баҳс доранд.

Ҳелен Кларк дар низоми СММ кор кардааст, аммо ду далел садди роҳаш мегардид: Яке ин ки Русия ва Чин англосаксеро намегузоштанд, ки Дабири кулл бигардад, ва дигар ин ки хонум Кларк солиёни зиёде дар раъси Барномаи рушди СММ кор карда ва табиист, ки вақте раҳбарии барномаи бузургеро дорӣ, онҳое, ки туро дӯст намедоранд, зиёд мешаванд. Ба ин далел, аксарият ҳам ҳадс мезаданд, ки намояндаи Аврупои шарқӣ шонсе хуб дорад. Русия хонум Бокова, раиси ЮНЕСКОро дастгирӣ кард. Ду далел ҳам дошт: Ин ки зан аст ва ин ки аз Аврупои шарқист. Аммо ҳарчанд кишвари хонум Бокова ҳам узви Иттиҳоди Аврупост ва ҳам НАТО, кишварҳои ғарбӣ аз хонум Бокова хушашон наомад. Онҳо аз оғоз ҷаноби Гутерришро дастгирӣ карданд.

Гутерриш аз оғоз пешсафи овоздиҳӣ буд ва ҳамеша танҳо як ё ду раъйи мухолиф мегирифт. Ҳеч касе ҳам намедонист, ки ин раъйҳои мухолиф аз кист, чун агар аз яке аз панҷгонаи пайвастаи Шӯрои амният бошад, пас он кишвар метавонад вето бигзорад ва номзадии Гутерриш қабул нагардад. Вақте дигар панҷ раъйдиҳӣ пайваста бо номаълумиҳои зиёд анҷомид, қабл аз оғози раъйдиҳии рӯзи панҷуми октябр, ки барои нахустин бор панҷгонаи дорои ҳаққи ВЕТО бо ранги дигар раъй медод, то маълум шавад, ки зидди касе ҳаст ё на, Булғористон ҷонибдории расмияш аз Боковаро пас гирифт ва намояндаи дигараш Кристалина Георгиеваро пеши роҳ андохт. Коршиносон ҳадс мезаданд, ки дигар чун қудратҳои аслӣ сари тавофуқ нарасиданд, пас ҳамагӣ ё Кристалина Георгиева ва ё Данило Туркро ба ҳайси нафари комромис қабул мекунанд.

Хонум Георгиева, ҳарчанд хеле дер ба рақобат ворид шуд, дар оғози октябр ба Ню-Йорк омад ва худро дар нишастҳои ғайрирасмӣ ба соири аъзои СММ ва расонаҳои хабарӣ муаррифӣ кард. Муаллифи ин матлаб, ки дар ин нишастҳо ҳозир буд, шоҳиди он гардид, ки хонум Георгиева натавонист худро ба хубӣ муаррифӣ кунад. Пас аз эъломи натоиҷи овоздиҳии рӯзи панҷуми октябр, маълум шуд, ки ҳеч кадом аз 15 узви Шӯрои амнияти СММ ба ҷаноби Гутерриш раъйи мухолиф надодааст. Натиҷаҳо ҳам ин гуна буд:

Созмони милал Дабири кулли нав дорад: Антониу Гутерриш


ДАБИРИ КУЛЛИ НАВ КИСТ?

Антонио Гутерриш 67 сол дорад ва ҳануз аз 25-солагӣ бо пайвастан ба Ҳизби сотсиалистии Португалия ба сиёсат ворид шудааст. Ба ҳайси дабири кулли Ҳизби сотсиалистӣ, дар солҳои 1995-2002 сарвазири Португалия буд. Пас аз нокомии ҳизбаш дар интихоботи порулмонии соли 2001 аз вазифаи ҳам раҳбарии ҳизб ва ҳам сарвазирӣ истеъфо дод ва аз сиёсати Португалия канор рафт. Аз соли 2005 то анҷоми соли 2015 ба ҳайси Раиси комиссариати олии СММ доир ба масоили фирориён кор кардааст. Барояш солҳои хеле мушкиле буд, чун масъалаи фирориён ва гурезаҳо, махсусан аз кишварҳои офриқоӣ ва арабӣ маҳз дар ҳамин солҳо доғ гардид. Аз моҳи апрели соли 2016 мушовири давлатии Португалия мебошад.

Шоми шашуми октябр аъзои Шӯрои Амнияти СММ овоздиҳии расмӣ доир мекунанд. Сипас, бо тасдиқ шудани номзадияш аз ҷониби Маҷмаъи умуми СММ, ҷаноби Гутерриш аз январи соли 2017 ба иҷрои вазифаи Дабири кулли СММ оғоз хоҳад кард.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)