Бахшҳо

Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон: САҲА баъзан аз стандартҳои дугона истифода мекунад...

Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон бо пахши як изҳорот аз ширкати мухолифини ҳукумат дар нишасти солонаи САҲА дар Варшаваи Лаҳистон изҳори нигаронӣ кардааст.

Дар изҳороти шӯро, ки имрӯз, 7 октябр нашр шудааст, 60 нафар, бо шумули раисони 6 ҳизби сиёсии кишвар имзо гузоштаанд. “Шӯрои ҷамъиятӣ, ки 85 созмони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистонро муттаҳид менамояд, бар он аст, ки ин гуна нишастҳои барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо басо муҳим набояд ба майдони хушунат ва таҳаммулнопазирии ҷонибҳои дигар, хоса ҳизбу созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ табдил гардида, боиси сардии муносибот шаванд”,-омадааст дар изҳорот.

19 сентябри дар ҷаласаи марбут ба ҳуқуқи инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) як гуруҳ, ки хуро мухолифи ҳукумати Тоҷикистон медонанд, вориди толор шуда ва суханронӣ карданд. Ба дунбол, ҳайати расмии Тоҷикистон бо раҳбарии омбудсмени тоҷик бо нашри як изҳорот ва бо нишони эътироз ҷаласаро тарк намуд.

Муаллифони изҳороти Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон гуфтаанд, САҲА ҳамчун шарики Ҳукумати Тоҷикистон ва Шӯрои ҷамъиятӣ, ки дар раванди ислоҳоти сиёсиву иҷтимоии кишвар фаъолона ширкат менамуд, набояд имкон диҳад, ки бо истифода аз озодиҳои шаҳрвандӣ ба сулҳу субот ва зиндагии осоишта дар Тоҷикистон халал ворид шавад: “Узияти Тоҷикистон ба Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо пеш аз ҳама ба манзури истифода аз таҷриба ва фаъолияти ин созмон дар раванди демократикунонии ҷомеа, таҳкими амнияти миллӣ ва минтақавию байналмилалӣ, эҷоди унсурҳои муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон изҳор мекунад, ки Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ба созишномаи бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонидаи хеш ҷиҳати таъмини амният ва субот дар минтақа ҳамеша содиқ монда, дар мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ва ҳама гуна зӯроварӣ баъзан аз стандартҳои дугона истифода мекунад, ки ин боиси таассуф аст. Мо мушкилоти кишвару ҷомеаи худро хуб медонем, барои ислоҳи вазъ пайваста кушиш менамоем”.

Дар изҳорот таъкид шудааст, созмонҳои узви Шӯрои ҷамъиятӣ мунтазам барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон талош варзида, ҳар ҳодисаи нақзи ҳуқуқро пайгирӣ мекунанд. Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон аз САҲА ва созмонҳои ҳуқуқи инсон даъват кардааст, ҳамкориҳоро бо ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон тақвият диҳанд, аз имконоти Шӯрои ҷамъиятӣ истифода баранд, то чунин вазъият дар оянда рух надиҳад. Дар идома муаллифони изҳорот гуфтаанд, “Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон соли 2002 зери санади “Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон”, ки 9 марти соли 1996 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси Олӣ ва роҳбарони ҳизбу созмонҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба хотири хомўш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ва ҷилавгирӣ аз харобии бештари ватан ба тавсиб расида буд, имзо намуда, узви Шўрои ҷамъиятии Тоҷикистон гардид. Нукоти ин “Аҳднома” тарафҳои имзокунандаро вазифадор мекард, ки дар ҳалли масоили иқтисодӣ, сиёсӣ, ҷамъиятӣ, фарҳангӣ, ноил шудан ба ризоияти миллӣ ширкати фаъол намуда, дар мубориза бар зидди бунёдгароии миллӣ ва мазҳабӣ ва дигар анвои зўроварию фишор ҳаммаром бошанд. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар тўли узвияти худ, ки то соли 2010 идома дошт, ба Шўрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаллу фасли масоили муҳими ҷомеа барномаи мушаххасе пешниҳод накардааст. Намояндагони ин ҳизб чун диданд, ки минбари Шўрои ҷамъиятиро натавонистанд ба мақсадҳои ғаразноки худ истифода кунанд ва низ ҳамназароне аз шумори аъзои Шўрои ҷамъиятӣ пайдо накарданд, соли 2010 узвияти худро дар ин созмон қатъ намуданд”.
Мӯҳр
Сайрам
Ин изхорото дигар ба кй даркор? кори шудагй шуд. Агар хамин Омбудсмени точик Ализода намешуд намедонам бо ун кадру мутахассисони бесаводи вазорату идорахо чй кор мекарданд. 10-0 не, балки 20-0 шарманда мешудем, чанобон...

Ҳуқуқшинос
Шӯрои ҷамъиятӣ худаш стандарти дугона дорад ку!
Фаромуш кардед, ки пули сафарҳои хориҷаву кофебрейку ташкилихотона ҳамин САҲА метияд ку!! Ауууу... бедора шавед, шӯробозҳои Шӯрои ҷамъиятӣ!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)