Нахустин “корти сабз”-и футбол насиби Кристиано шуд (ВИДЕО)
Кристиано Галано, бозигари итолиёӣ нахустин “корти сабз”-ро ба худ ихтисос додааст.
Кристиано ин кортро, ки дар таърихи футбол бори аввал тақдим мешавад, дар бозии дастааш -- “Вичентс” бо “Виртус Энтелла” соҳиб шудааст. Вақте Голано тӯбро ба дарвозаи ҳариф мезанад, он аз майдон берун мешавад. Довари бозӣ зарбаи бурҷӣ таъин мекунад, аммо Голано мегӯяд, ки тӯб ба ҳеч бозигари дастаи рақиб барнахӯрдааст. Баъди ин довар зарбаи бурҷиро бекор намуда, барои бозии самимӣ ба вай “корти сабз” медиҳад.
Дар мавсими феълии сабқати футболи силсилаи “В”-и Италия барои таҷриба “корти сабз” роҳандозӣ шудааст. Довар онро ба бозигарон намоишкорона нишон намедиҳад, балки дар протокол қайд мекунад. Дар охири мавсим бозигароне, ки аз ҳама бештар “корти сабз” гирифтаанд, қадрдонӣ хоҳанд шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |