Ахиран, Владимир Путин, нахуствазири ин кишвар дар анҷумани ҳизби «Единая Россия» аз сӯйи вакилон ба ҳайси даъвогари курсии президентӣ пешниҳод шуд. Зимни суханрониаш дар анҷуман Путин гуфт, аз онҳое ки маро ба ин мақоми баланд пешбарӣ кардаанд, сипосгузорам. Номбурда афзуд, аз кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла мамолики Ғарб талаб менамоем, ки ба интихоботи Русия мудохила накунанд: «Русия кишвари демократист, ҳамкори мутмаину пешбинишаванда аст ва бо ин кишвар Ғарб метавонад ва бояд забон ёбад, вале ба он наметавонад аз берун чизеро ба сараш бор кунанд».
Дар анҷумани ҳизби мазкур президенти феълии Русия Дмиртий Медведев иброз дошт, ки Владимир Путин номзад ба мақомаи раёсати ҷумҳурӣ дар ҳар ҳолат машҳуртарин, ботаҷрибатарин номзад ва муваффақтарин сиёсатмадор дар Русия кунунист.
Маврид ба тазаккур аст, ки интихоботи вакилон ба Думаи Давлатӣ рӯзи 4-уми декабри соли равон ва интихоботи президентии Русия рӯзи 4-уми марти соли 2012 баргузор мешавад.
Мӯҳр« Май 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | |||
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |