Депорти як зан бо чор кудакаш аз Русия
Додгоҳи вилояти Новосибирск як шаҳрванди Тоҷикистонро ҳамроҳи 4 фарзандаш аз қаламрави Русия ихроҷ кардааст.
Бар асоси қарори додгоҳ, ин зани тоҷик аз моҳи декабри соли 2015 дар қаламрави Русия ғайриқонунӣ зиндагӣ кардааст. Дафтари матбуоти додгоҳ гуфтааст, тоҷикони муқими Санкт-Петербург 48 ҳазор рубл ҷамъоварӣ карда, барои ин зани депортшуд 4 чиптаи ҳавопаймо харидаанд.
Ба иттилои манбаъ, мақомоти қазоии Русия қаблан ин шаҳрванди Тоҷикистонро ҳушдор додаанд, то Русияро тарк намояд, аммо чун ин кор сурат нагирифтааст, масъала ба додгоҳ рафтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |