Ҳалокати ронандаи “Хундай-Портер” баъди бархурд ба дарахт

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, шаби 18 октябр сокини ронандаи 53-солаи ноҳияи Дӯстӣ ҳангоми ҳаракат дар километри 48-уми шоҳроҳи “Душанбе-Турсунзода” идораи “Хундай-Портер”-ро аз даст дода, онро ба симчӯби канори роҳ мезанад: “Дар натиҷаи чунин бархурд, ронандаи ин автомашина бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофири он, марди 44-солаи сокини ноҳияи Дӯстӣ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст”.
Ба иттилои манбаъ, як рӯз қабл аз ин (17 октябр) тахминан соати 19:00 ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, сокини 33-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи мазкур бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин карда натавониста, марди 42-солаи сокини ҷамоати деҳоти зикргардидаро пахш намудааст: “Дар ин садамаи нохуши нақлиётӣ, пиёдагард ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.
ВКД меафзояд, рӯзи 17 ронандаи автомашинаи тамғаи “Чанху”, марди 57-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Тагоби ҳамин ноҳия, “бо чархи қафои автомашина писарбачаи 2-солаи сокини деҳаи зикргардидаро, ки ба таги автомашинаи мазкур даромадааст, аз беэҳтиётӣ пахш намудааст”.
Дар натиҷа хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба ҳалокат расидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |