Баҳси интиқоли меваю муҳоҷирон ба Аморот дар мулоқоти Э.Раҳмон бо Мазрӯӣ (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 21-уми октябр дар мулоқот бо Суҳайл Ал Мазруӣ, вазири энергетикаи Амороти Муттаҳидаи Араб густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноати кӯҳӣ, тиҷорату сармоягузорӣ ва кишоварзиро ояндадор хондааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқот таъкид шуд, ки ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодии дуҷониба дар ҳоли ҳозир қаноатбахш набуда фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва техникии Тоҷикистону Амороти Муттаҳидаи Араб низ беҳбудиро талаб менамояд: “Дар мулоқот доир ба ҷалби сармоягузории Амороти Муттаҳидаи Араб ба соҳаҳои гидроэнергетика, саноати кӯҳӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ ва боркашонии Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардида, ташкили робитаи мустақими доираи соҳибкорону тоҷирони ду давлат, таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маъданҳои кӯҳӣ, ба роҳ мондани содироти меваю сабзавоти тару тоза ва дигар маҳсулоти хушсифати кишоварзии Тоҷикистон ба Амороти Муттаҳидаи Араб ва тақвияти муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои меҳнат ва шуғли аҳолӣ зарур шуморида шуд”.
Дар мулоқот бо изҳори таассуф таъкид гардид, ки то имрӯз иқтидор ва имконияти бузурги рушди ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб ба пуррагӣ истифода нашуда, таҳкими пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро тақозо менамоянд: “Ҷонибҳо ҳамзамон доир ба зарурати таъсиси Бунёди муштараки сармоягузорӣ, Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб, инчунин таъсиси намояндагии яке аз бонкҳои тиҷоратии ин кишвар дар Тоҷикистон табодули афкор намуданд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |