Бахшҳо

Дарёфти ёдгории юнону-бохтарии пеш аз милод дар Данғара

Мутахассисони Шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ёдгории эллинистӣ (юнону-бохтарӣ)-ро бозёфт кардаанд.

Шерзод Хоҷаев, сардори шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ мегӯяд, бозёфти мазкур ба асрҳои II-I то милодӣ мансуб буда, дар маҷмуъ дайри эллинстиро дар бар мегирад: “Ёдгории мазкур дар деҳаи (Торбулоқ) Хушдилони ноҳияи Данғара ҷойгир шудааст”.

Хоҷаев афзуд мутахассисони вазорат инчунин ёдгории бостонии “Сари Ҷар”-ро ба қайди давлатӣ гирифтаанд, ки дар соҳили рости дарёи Ёхсу, қисмати ҷанубу-ғарбии мавзеи Ҷин Сойи ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг ҷойгир шудааст: “Ёдгории бостонии “Сари Ҷар” дар мавзеи якҷояшавии сойи Ҷин Сой ба дарёи Ёхсу ҷойгир шуда, тибқи ҷадвали хронологии фарҳангӣ-бостоншиносӣ тақрибан ба миёнаи фарҳангҳои “Сапалӣ” ва “Вахш” мансуб мебошад.

Ба иттилои Хоҷаев масоҳати умумии ёдгорӣ тақрибан 4 гектарро ташкил намуда, он ба гуруҳи ёдгориҳои бостонӣ–деҳшаҳр мансуб буда, аз ҷузъҳои зерин иборат мебошад: 1.Мавзеи истиқоматӣ. 2.Хоҷагидорӣ. 3.Мудофиавӣ. 4.Қабристон.

Масъулини Вазорати фарҳанг мегӯянд, “муҳимияти ёдгории бостонии мазкур дар он мебошад, ки дар пайи таҳқиқоти пурра он метавонад дар илми бостоншиносии ватанӣ ва байналмилалӣ фарҳанги нави бостоншиносиро ворид созад”.
Мӯҳр
Darvesh
E nee khato kaden asrhoi 7-8 pesh az milod!!!!!!!!!!!

Дар Хатлону Бадахшонба ёдгорихои таърихи зиёд будааст. Аммо Дар 70соли шурави факат Сугди бостон гуфта гаштаанд. Назарашон махалахои моба намегирифтааст дя. Ана мешудааст ку кофтан гиред дар зери Хоки Хатлону Бадахшон шахрхои бузурге хобидааст. Инро Шумо исбот карда метавонед. Чунки метавонд! Точикистон ба пеш!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)