Бахшҳо

ҲНИТ: Қатли Бахтиёр Расулов дар Русия ҷинояти ваҳшиёна ва ҳадафнок аст

Шўрои сиёсии ҲНИТ ҳодисаи сарбурии шаҳрванди Тоҷикистон Бахтиёр Расуловро шадидан маҳкум намуда, онро як ҷинояти ваҳшиёнаи ҳадафнок алайҳи шаҳрвандони кишвари мо меҳисобад.


Дар ин бора зимни пахши як изҳороти ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистон омадааст. Дар баёнияи мазкур, ки субҳи имрӯз, 29-уми ноябр тариқи расонаҳо паҳн гардид, аз ҷумла гуфта мешавад, ки ин бори аввал нест, ки муҳоҷирини тоҷик мавриди таҳқир, шиканҷа ва куштор қарор мегиранд. Вале куштори ахир  паём ва ҳушдори хатарнокест ба ҷомеъаи Русия ва Тоҷикистон, ки  набояд нисбат ба он бетараф буд.

Ҳамзамон, Шӯрои сиёсии ҲНИТ менависад, боиси таассуф аст, ки муҳоҷирини тоҷик бо доштани мушкилоти бешумор ахиран, боз ноодилона ҷузъи бозиҳои сиёсӣ гардонида шуданд, ки барои нерўҳои ҷиноятпешаи фурсатталаб заминаро фароҳам сохт, то онҳоро бештар мавриди ҳуҷум ва таҳқир қарор бидиҳанд. Агарчӣ мақомоти Русия рўзҳои ахир иқдомотеро барои муътадил гаштани фазо атрофи муҳоҷирини тоҷик андешидаанд ва он таъсири мусбати худро расонидааст, вале ҳодисаи мазкур баёнгари он аст, ки  ин иқдомҳо кофӣ нестанд. Ҳамчуноне ки изҳоротҳо ва мавқеъгириҳои беасос ва ҳангомаҷўёнаи иддае аз мақомот  ва шахсиятҳои Русия вазъи муҳоҷирини тоҷикро номусоид гардонд, барои мӯътадил сохтани фазо зарур аст, ки мақомот ва шахсиятҳои калидии ин кишвари ба мо дӯст мавқеъгирӣ ва иқдомҳои  мушаххас ва таъсирбахш барои дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирини тоҷик ва пешгирии ҷиноятҳои нажодпарастона  нишон диҳанд. Беҷазо мондани ин гуна ҷиноятҳо пеш аз ҳама зарбаест ба худи Русияи сермиллат ва гуногунмазҳаб. Русия ҳамеша бо фашизм дар ҳама шаклҳояш  мубориза бурдааст ва ҷои таассуф аст, ки ин кишвар вақтҳои охир худ дучори ин мушкилӣ гаштааст.

Дар поёни изҳорот омадааст: «Шўрои сиёсии ҲНИТ боварӣ дорад, ки ҳукумати ҶТ тамоми чораҳоро барои дифоъ аз муҳоҷирини тоҷик дар хориҷ меандешад ва ошкор кардану  ба ҷазо кашидани ҷинояткорони ин ҳодисаро аз авлавиётҳои сиёсати худ қарор хоҳад дод. Зеро саҳлангорӣ ва  бетафовутӣ дар ин амр боиси дастдарозии бештари ҷиноятпешагон алайҳи муҳоҷирини тоҷик гаштааст.

Инчунин зарур аст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва нерўҳои солими  ҳарду миллат дар ҳамкорӣ бо мақомоти расмии кишварҳои худ барои муътадил сохтани фазо атрофи муҳоҷирини тоҷик талоши бештаре ба харҷ диҳанд».

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)