Бахшҳо

Вазири адлия: Озодӣ ва гуногунандешӣ сарҳад дорад

Рустам Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон дар арафаи Рӯзи Конститутсия, ки ҳамасола 6-уми ноябр таҷлил мешавад, матлаберо зери увони “Конститутсия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ” дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” ба нашр расондааст.

Ӯ навиштааст, ҳуқуқу озодиҳои инсони озод, ки Конститутсия тавассути озодиҳои сухан, гуногунандешӣ, ошкорбаёнӣ, матбуоти озод, дастрасӣ ба ҳама гуна иттилооти барои шахс зарур, озодии ҳаракат ва ҳамкориҳоро кафолат додааст, заминаи бунёди ҷомеаи озоди шаҳрвандист: “Зеро озодии ҷомеа аз озодии фардҳо ибтидо мегирад”.

Ба гуфтаи вазири адлия Конститутсияи Тоҷикистон бунёди ҷомеаи озоди демократӣ ва ҳуқуқиро ҳадафи худ қарор дода, инсонро дар маркази сиёсати ҳуқуқии давлат мегузорад: “Мавҷудияти озоди ҳизбу ҳаракатҳо, ташкилотҳои динӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва равияҳои гуногуни сиёсӣ, ки дар паҳнои гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ фаъолият намуда, ифодагари шаклҳои гуногуну озоди ҳамзистии сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва динии шаҳрвандон аст, рукни муҳими ташаккули ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон мебошад. Конститутсия дар баробари эътироф ва кафолати чунин фазои озоди гуногунандешӣ ва мафкуравӣ, роҳҳои қонунии фаъолияти онҳоро тавассути қонунҳои соҳавӣ пешбинӣ намудааст. Айни замон дар фазои ҳуқуқии кишвар зиёда аз 2600 иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳашт ҳизби сиёсӣ, беш аз 4000 иттиҳодияи динӣ, 35 иттифоқи касаба ба расмият шинохта шудааст. Гуногунандешӣ ҳамчун усули мавҷудияти инсонҳои озод, ботафаккур ва сатҳи фаҳмишу ҷаҳонбинии хоса имконияти озод ва табиии иштироки ҳар шаҳрвандро дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангию иқтисодӣ фароҳам меорад. Аз ин нуқтаи назар, Конститутсияи кишвар заминаи рушд ва инкишофи ҳаёти ҷамъиятиро дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ муҳайё кардааст”.

Рустам Шоҳмурод таъкид намудааст, ки бар асоси қонуни асосӣ мафкураи ҳеч як ҳизбу гуруҳ наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад: “Моддаи 8 Конститутсия дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ рушд ёфтани ҳаёти ҷамъиятиро эълон намуда, мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ ҳаракат ва гурӯҳеро ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф накардааст. Ин танҳо ба он хотир аст, ки унсурҳои иҷтимоӣ, қишрҳои ҷамъият ва фазои андешаи ҷамъиятӣ набояд пойбанди як назар ва биниш буда, доимо майдони озоди ташаккули андеша ва мафкураҳои созандаю бунёдгароёнаро таъмин созанд. Маълум ва равшан аст, ки ҳаёти инсонӣ ва нигоҳи илмию назариявӣ доимо рушд ва такомул ёфта, дар ҳоли тағйирпазирию дигаргунӣ қарор доранд. Аз ин хотир, озод вогузор намудани паҳнои ғоя ва арзишҳои роҳнамои мафкуравӣ ва миллӣ гарави ҷомеаи солим ва рушдкунанда маҳсуб ёфта, ба ҳар ҳизб, гурӯҳ, иттиҳодия ва ҳатто инсонҳои ҷудогона имкон фароҳам меорад, ки фикру андеша ва назари худро барои пешрафт ва рушди ҳаёти ҷамъиятӣ баён ва пешниҳод намоянд”.

Вазири адлия бо зикри он, ки ҷомеаи шаҳрвандии давлати мо рақобати озоди ҳизбу ҳаракатҳоро бо усули гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ эътироф намуда, кафолат медиҳад, таъкид намудааст, ки “аммо ин ҳаргиз маънои онро надорад, ки ҳизбу ҳаракат ва созмону иттиҳодияҳои динию ҷамъиятӣ мафкураҳоеро ба ҳаёти ҷамъиятӣ ворид созанд, ки онҳо ба муқаддасоти миллӣ, ваҳдат, суботи ҷомеа, якпорчагӣ ва низоми қонунияти давлатӣ латма ворид кунанд. Зеро ин озодӣ ва гуногунандешӣ низ сарҳади худро дорад, ки он дар манфиатҳои халқи Тоҷикистон ва давлати миллӣ нуҳуфтааст”.

Вазири адлия афзудааст, маҳз ба ҳамин хотир, моддаи 8 - и Конститутсия таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсиро, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо роҳи зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ даъват менамоянд, манъ намудааст: “Ҳамзамон, дар шароити гуногуншаклии мафкуравӣ инкор кардани мафкураи давлатӣ, ки ба сатҳи низоми меъёрии ҳуқуқӣ бардошта шудааст, мумкин нест, зеро он метавонад дар амал ба коҳиши сохти давлатӣ оварда расонад. Маҳз ҳуқуқ ва қонун асоси ба ҳам наздикшавии манфиатҳои умумӣ ва мақсадҳои давлат ва ҷомеа мебошанд”.

Дар мавриди ҷомеаи шаҳрвандӣ - ҷомеаи фардҳои озод, ки манфиатҳои шахсиашон дар паҳнои манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ қомат афрохта, ҳуқуқу озодиҳои инсон дар равиши арзишҳои умумидавлатӣ риоя ва татбиқ мегарданд, Рустам Шоҳмурод изҳор доштааст, ки бояд се нуктаи калидии чунин ҷомеаро зикр кард: “Унсури аввалин ва умдаи чунин ҷомеа - дастрасии халқ ба ҳокимияти давлатист. Моддаи 6 Конститутсия халқи Тоҷикистонро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон намуда, таҳкурсии ҷомеаи озоди худрушдкунандаро дар шаклгирии ҳокимияти давлатӣ тарҳрезӣ намудааст. Рукни дуюми ҷомеаи шарҳвандӣ - инсонҳои озод ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аст, ки моддаи 5 Конститутсия ба сифати арзиши олӣ эътироф намуда, моддаи 14 мақсад, мазмуни қонунҳо ва фаъолияти ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатиро тобеи риоя ва татбиқи ҳуқуқу озодиҳои инсон гардондааст. Ва ниҳоят, гуногунандешии сиёсӣ ва таъмини фазои озоди мафкуравӣ”.

Вазири адлия дар охир изҳор доштааст, ки ҳар се унсури асосӣ ва таҳкурсии бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Конститутсия ва қонунҳои давлати мо ҳамаҷониба тарҳрезӣ шудаанд: “Муҳим он аст, ки аз ин неъмати сиёсӣ ва иҷтимоӣ ҳар фарди ватандӯсту меҳанпараст, худшиносу худогоҳ ба манфиати худ ва давлатамон дуруст ва самаранок истифода барад”.
Мӯҳр
Пурдил
Дар Точикистон конуни чангал амал мекунад!

одам набояд 100фоиз озод ва гуногунандеш бошад ин ба конституцияи мо мувофик нест

совол: хадди гуногунандешии озодро ки таъйин мекунад ?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)