Бахшҳо
03 ноя 2016 10:37Тоҷикистон / Сиёсат

Поёни маъмурияти дипломатии Абдулғафури Орзу дар Тоҷикистон (ВИДЕО)

Маъмурияти дипломатии сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ба поён расидааст.

Дар пайи ин, Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Абдулғафур Орзу мулоқот намудааст. Дафтари матбуоти ВКХ мегӯяд, ин мулоқот 2 ноябр сурат пазируфта, ҷонибҳо аз густариши бемайлони муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон изҳори қаноатмандӣ карда, атрофи самтҳои дурнамодори ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар дар арсаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ ва фарҳангию башарӣ табодули назар анҷом доданд: “Бар зарурати тавсеаи ҳамкориҳои наздисарҳадӣ ва муборизаи муштарак алайҳи терроризми байналмилалӣ, экстремизм ва дигар чолишҳои амнияти ду кишвар ва минтақа таъкид гардид. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Сафири Афғонистон барои саҳми назаррас дар таҳкиму густариши робитаҳои дӯстона ва ҳамкориҳои созандаи Тоҷикистону Афғонистон изҳори сипос кард ва барои фаъолияти минбаъдаи ӯ дар ҷодаи дипломатия муваффақиятҳо орзӯ намуд”.

Орзу аз тобистони соли 2010 ба ин сӯ курсии сафири кишвараш дар Душанберо дар ихтиёр дошт. Декабри соли 2014 дар як суҳбати ихтисосӣ ба "Озодагон гуфта буд, дар Тоҷикистон ҳеч эҳсоси бегонагӣ намекунад: "Аз табиати зебои Тоҷикистон, аз мардуми ҳамзабони Тоҷикистон, ки ҳамзабонӣ хешиву пайвандӣ аст, аз амнияте, ки дар инҷо устувор аст, табиист ки отифаи инсониро бармеангезад. Вақте ки отифаи инсонии маро бармеангезад, табиист бисёр бароҳатӣ фарёд мезанам:

Тоҷикистон, Тоҷикистон,
Эй куҳанманзумаи сабзи Хуросон.
"Бӯи ҷӯи мӯлиён"-ат ҷовидон бодо,
"Ёди ёри меҳрубон"-ат ҷовидон бодо.
Ҷовидон бодо сурудат,
Нағмаҳои чангу удат,
Чашмасоронат хурушон бод
Кӯҳсоронат зарафшон бод,
Тоҷикистон, Тоҷикистон
Эй куҳанманзумаи сабзи Хуросон".


СУҲБАТИ ВИДЕОИРО БО АБДУЛҒАФУРИ ОРЗУ ИНҶО БУБИНЕД



ЗИНДАГИНОМА

Доктор Абдулғафури Орзу сафири кабири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 53 сол муқаддам дар шаҳри бостонии Ҳирот дар хонадони фарҳангӣ таваллуд шудааст. Унвони докториро дар риштаи адабиёти дарӣ аз Донишгоҳи тарбияти мударриси Теҳрон гирифтааст.

Дар мақомҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла, раиси идории вилояти Ҳирот, иҷрокунандаи вазифаи сафир дар сафорати куброи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Теҳрон ва мушовири вазири хориҷаи Афғонистон ифои вазифа намудааст.

Дар баробари корҳои давлатӣ муаллифи беш аз чиҳил асари илмӣ, сиёсӣ ва бадеӣ мебошад. Ҷаноби Абдулғафури Орзу шеърҳои зиёде низ гуфтааст, ки дар маҷмӯъаҳое “Ҷоритар аз ҳамеша”, “Чашм дар чашми ойина”, “Суруди мусалсал” , “Чаҳор шоир чаҳор бародар”, “Ҳамосаи Соти Барзан” ва “Лабханди Худо” ба нашр расидаанд.

Оқои Орзу инчунин чандин рисолаи илмию пажӯҳишӣ ва кутубе, монанди “Сиёсати хориҷии Афғонистон дар қарни 21”, “Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ”, “Чигунагии ҳуввияти миллии Афғонистон”, “Рӯшанфикр кист?” , “Хӯшаҳое аз ҷаҳонбинии Бедил", "Диранге дар адабиёти Фаранг (барои донишҷӯён)", "Шод зӣ...(дар қаламрави Рӯдакӣ)", "Агар Фарҳод шуд, Ширин бимонод" дар бораи достони "Хусраву Ширин"-и Низомӣ, "Нақди Халилӣ", "Шеъру шуҳуди орифона", "Муқоисаи инсони комил аз дидгоҳи Бедил ва Ҳофиз", "Дар хонаи офтоб" (дар бораи Бедил) ва ғайраро мунташир кардааст.

Китоби “Шод зӣ...”(дар қаламрави Рудакӣ) ва маҷмӯаи шеърии вай – “Лабханди Худо” ба хатти сирилик низ ба нашр расидаанд. Аз соли 2010 сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон мебошад.

Оиладор, соҳиби се фарзанд; ду писар ва як духтар мебошад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)