Бахшҳо

Султони Ҳамад: "Марзбонҳои ӯзбекистонӣ бо забони тоҷикӣ моро хайра мақдам гуфтанд" (АКС)

Султони Ҳамад, рӯзноманигор ва пажуҳишгари тоҷик, ки ҳафтаи гузашта ҳамроҳи Баҳодур Неъматов, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон аз Узбакистон дидан кардааст, таассуроти сафарашро баён дошт.

Ӯ дар сафҳаи фейсбукияш навиштааст, ки дарёфти раводиди сафар ба ин кишвар чандон тӯл накашид: “Сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Душанбе дар зарфи камтар аз як ҳафта баъди гирифтани даъватнома аз Самарқанд раводиди сафарро ба шиносномаҳои хориҷии мо муҳр зад. Воқеан, нархи раводиди Ӯзбекистон дар муқоиса бо нархи визаи яке аз кишварҳои дигари ҳамсояи мо ба маротиб арзонтар будааст. Дар ҳамин ҳол ба он ашхоси мусофире, ки бо меъёрҳои собиқ шӯравӣ дар синну соли нафақагирӣ ҳастанд, раводиди Ӯзбекистон ройгон дода мешавад”.

Султони Ҳамад мегӯяд, баъди гирифтани раводид 24-уми октябри 2016 ба нияти убури марзи Тоҷикистону Узбакистон тариқи гузаргоҳи сарҳадии “Дӯстӣ” озими Регар шуданд: “Муносибати марзбонон ва кормандони гумруки ҳарду кишвар бо ҳайати мо ва умуман бо ҳама мусофироне, ки нияти аз сарҳад гузаштанро доштанд, хеле хуб ва самимона буд. Махсусан, бо забони зебои тоҷикӣ ҳарф задану мусофиронро хайра мақдам гуфтани марзбонҳо ва гумрукчиёни ӯзбекистонӣ ғайричашмдошт бароямон гуворо буд. Ин ҳама манзара баръакси шунидаҳои қаблии мо дар бораи тарзи муомилаи марзбонҳо ва гумрукчиёни ӯзбекистонӣ бо мусофирони тоҷик ҳини убури сарҳад дар гузашта буд. Вале бо ин суханҳо мо шикоятҳои қаблии ҳамватанони раҳгузарамонро зери шубҳа монданӣ нестем. Шояд ҳақ ба ҷониби онҳо низ бошад. Вале он чиро имрӯз мо дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон бо чашми сар дидем, онро гуфтем”.

Пажуҳишгари тоҷик илова намуд, ки ин гуна лаҳзаҳои дилшодкунандаро дар тӯли сафари худ ба Узбакистон борҳо шоҳид шуд: “Ҳоло ҳаминро гуфтанием, ки дар муддати як ҳафтаи сафар тақрибан аксари ёдгориҳои таърихиву мақбараҳои бузургону маконҳои муқаддаси Самарқанду Бухороро дидему бо баъзе аз шахсиятҳои шинохтаи адабиёту фарҳанг, синамо ин шаҳрҳои бостонӣ мулоқотҳои ҷолиб кардем”.

Муносиботи хуби мардуму масъулини Узбакистон дар ҳолест, ки ахиран Ҷӯрабек Мурод, ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ низ дар пайи сафараш ба Узбакистон гуфт, муносибот тағйир ёфтаанд. Ӯ изҳор дошт, ки бозпурсиҳо дар марз камтар шудаанд ва мардуму масъулини ду кишвар муштоқи беҳбуди муносибот ва рафтуомади бештаранд.


Султони Ҳамад: "Марзбонҳои ӯзбекистонӣ бо забони тоҷикӣ моро хайра мақдам гуфтанд" (АКС)

Султони Ҳамад: "Марзбонҳои ӯзбекистонӣ бо забони тоҷикӣ моро хайра мақдам гуфтанд" (АКС)

Султони Ҳамад: "Марзбонҳои ӯзбекистонӣ бо забони тоҷикӣ моро хайра мақдам гуфтанд" (АКС)

Султони Ҳамад: "Марзбонҳои ӯзбекистонӣ бо забони тоҷикӣ моро хайра мақдам гуфтанд" (АКС)

Султони Ҳамад: "Марзбонҳои ӯзбекистонӣ бо забони тоҷикӣ моро хайра мақдам гуфтанд" (АКС)

Султони Ҳамад: "Марзбонҳои ӯзбекистонӣ бо забони тоҷикӣ моро хайра мақдам гуфтанд" (АКС)

Султони Ҳамад: "Марзбонҳои ӯзбекистонӣ бо забони тоҷикӣ моро хайра мақдам гуфтанд" (АКС)

Султони Ҳамад: "Марзбонҳои ӯзбекистонӣ бо забони тоҷикӣ моро хайра мақдам гуфтанд" (АКС)

Султони Ҳамад: "Марзбонҳои ӯзбекистонӣ бо забони тоҷикӣ моро хайра мақдам гуфтанд" (АКС)

Султони Ҳамад: "Марзбонҳои ӯзбекистонӣ бо забони тоҷикӣ моро хайра мақдам гуфтанд" (АКС)

Султони Ҳамад: "Марзбонҳои ӯзбекистонӣ бо забони тоҷикӣ моро хайра мақдам гуфтанд" (АКС)

Султони Ҳамад: "Марзбонҳои ӯзбекистонӣ бо забони тоҷикӣ моро хайра мақдам гуфтанд" (АКС)

Султони Ҳамад: "Марзбонҳои ӯзбекистонӣ бо забони тоҷикӣ моро хайра мақдам гуфтанд" (АКС)

Султони Ҳамад: "Марзбонҳои ӯзбекистонӣ бо забони тоҷикӣ моро хайра мақдам гуфтанд" (АКС)
Мӯҳр
в
Шумо бояд бо забони узбаки катта рахмат мегуптед. Ана он гох и дружба народ мешуд.

Озодагон ! Бехтарин хабар, рухияи мардуми ду кишваро болида намудед !

ВИРКАН
Бар хилофи душманкобии баъзе бадхохон, ки хамеша мехостанд тухми нифок дар миёни ин ду мардуми хамдину хаммазхабу хатто хамхуну хеш ва хамарзиш худованд боз рафокат ва дустиро рохандози кард. бале барои моз насли Чомиву Навоихо даркор аст. Хар кас ки дар миёни ин ду мардум тухми нифок коштан мекорад, аз ин мардум нест, аз табори инсон нест. Аз суханони паёмбар ки хар кас дар миёни мардуми муъмин тафрика андозад аз табори муъминон нест. Як тоифа хамеша ёфт мешаванд, ки аз нодони хамеша ихтилоф меандозанд, тирашон хок хурд ва боз хок хохад хурд. Ин ду мардум дар тули чандин садсола аллака таърихи умуми, фарханги умуми, мазхаби дигар архишхои умумиро сохиб шудааст, дигар танхо хоинон ва курдилон метавонанд миёни мо ва узбекхо чудои андозад. Баъзе узбекхоро мебини бо чашми кабуду муйхои тилооияш аз баъзе даъвогарони ориёи ориёитар, ва ё баръакс дар мо баъзе даъвогари оритёиро мебини, мегуи ки аз чули кипчок ва ё Олтой омадааст. Барои хамин биёед бародарон тухми нифок ва чудои накорем, баръакс аз рафокату мехр ва аз шавкат ва мухаббату дусти харф занем, то рухи гузаштагон чун Чомиву Навои шоду болида шавад. Офари ба устод Баходур Неъматов ва бародари азизу нуктасанчи мо Султон Хамад.

Мурод
Агар "хайра макдам" гуфта бошанд, пас ин точики нест, агар "хуш омадед" гуфта бошанд, пас чаро шумо ба араби гардондед?

точик
асл онхо узбек нестанд мо точик хама як милати мусалион душманхо намехоханд ки мо якчо бошем

СПИТАМЕН.
Вирканбой хамаи суханои коштаат инчо кобили кабуланд,амо хамун ду калимаи овардаат яне,.хешу хамхун,- фикр мекунам,ки мантик надоранд.Саломат бошед!

ВИРКАН
СПИТАМЕН.,
БО КАСАМ БАРОЯТ МЕГУЯМ, КИ ХУНИ АКСАРИ ОНОН ОРИЁИТАР АЗ ХУНИ ТУСТ, АГАР АЗ КУХИСТОН ХАМ БОШИ, БИЁ МАРДОНА ЗОХИР ШАВ, ТАХКИКИ ГЕНИОЛОГИ МЕКУНЕМ, АЗ 50% ИРСИЯТАТ ГАЙРИИРОНИ НАБОШАД, МАН ХУДРО ГАЛАТКОРУ НОКАС ХОХАМ ШУМУРД. ТУ ХУД АСЛАН СПИТАМОН ХАМ НЕСТИ, СПИТАМОН МАХЗ ХАМОНОНАНД, КИ ДАР САРЗАМИНИ СПИТАМОН АЗ ХУНУ НАЖОДИ У МОНДААНДУ ТАНХО ШОЯД ЗАБОНАШОН ТУРКИ ШУДА. БИЁ БО МАН БАХС НАКУН, ШИНОХТАМАТ КИ КИСТИ. БИДОН, КИ КУЛЛИ БАШАР ХАМХУН АСТ, АЗ ДАРАИ ТАНГИ ДЕХААТ БЕРУН БАРО ДУНЁ ФАРОХ АСТ, ТАНХО МАХАЛЛАИ ТУ НЕСТ ДАР ОЛАМ. ИНСОНХО ГУНОГУНАНД, АММО АЗ ЯК ТАБОРАНД, АЗ ИЛМ БЕХАБАРИ, КИ ИМРУЗ ЧИ БАХШХОРО ТАХКИК КАРДАВУ ЧИ АСРОРИ ЧОЛИБИ ТАБИАТИ ИНСОНИРО ДАРЁФТААНД.
БА ЧАШМИ БУМ БИНГАРИ ЧАХОНИ БЕКАРОНАНРО.

Ҳамшаҳрӣ
Тоҷикам дар Ҷумҳурии Туркманистон маъмурият дорам. Ба сарам мусибате омад. Бародарон аз Сафорати Узбекистон ба ман ғамшарик шуданд. Баъди ҷаноза омада, қуръон хонданд. Дар ин кишвар миллатҳои дигар ҳам хеле зиёданд. Вале фикр мекунам, мардуми оддии узбек ба мо тоҷикон хеле умумият доранд.
Ба нависанда ва журналисти пуркор Султони Ҳамад, ҳунарманди дӯстдоштаи мардум Баҳодур Неъматов, Виркан,Садриддин, бародар бо тахаллуси "Тоҷик" ҳамфикрам...
Бақияро Худованд медонад...

Спитамон.
ВИРКАН,
Вирканбой-мо танхо дар асоси назарияи илми инчо оиди коштаи шумо яне танхо,.хеш ва хамхун,.-будани милати Точик ва Узбакро инкор кардему халос боки ба хамаи гуфтахои шумо сад фоиз рози хастем,амо сабаби ба шур омадани шуморо ин чо хеч нафахмидам.Камтар худатонро ба даст гиред.Кухистонихо чи аз Исфара то Масчо ва Ашту Панчакент ва Дараи Камарову Дарвоз ва дигар минтакахои Точикистони кунуни хамон точикони фирорие хастанд,ки аз чавру зулми амирони турку мангиту тотор хамвор заминхоро тарк карда ин дарахои тангро маскани зист ихтиер карданд ва анана расму русум ва хун ва насли худро то имруз нигох доштанд.Саломат бошед.!

Ба дустии ду халки бародар точикону узбекон чашм нарасад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)