Нигаронии созмонҳои журналистӣ аз қатъи ҳафтаномаи “Нигоҳ” ва даъват аз ҳукумат

Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) ва Шӯрои Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон аз қатъи ҳафтаномаи ҷамъиятӣ-сиёсии “Нигоҳ” изҳори нигаронӣ кардаанд.
Ин ду созмони журналистӣ дар изҳороти муштараке гуфтаанд, бо рафтани “Нигоҳ” аз майдони иттилоотӣ фазои плюрализм дар ҷомеаи Тоҷикистон тангтар мешавад.
2 ноябри соли равон Раёсати Созмони иҷтимоии “ИНДЕМ” – бунёдгузори ҳафтаномаи иттилоотиву таҳлилии “Нигоҳ” бо нашри як баёния аз қатъи ҳафтанома хабар дод. Дар ин баёния сабаби ин тасмим “адами мавҷудияти шароити лозим” гуфта мешуд.
Созмонҳои журналистӣ дар изҳороти худ мегӯянд, давоми даҳ соли фаъолият “Нигоҳ” талош кард, барои одамони фаъол манбаи алтернативии иттилоот бошад: “Аммо сиёсати редаксионии рӯзнома, ки мустақилияташро қонунгузории миллӣ кафолат додааст, бархе мақомдорон ва ниҳодҳои давлатиро хуш наомад. Аз ҷониби мо талошҳои тарс додани журналистони нашрия, таъқиби онҳо барои фаъолияти касбӣ, ҳамчунин таъсиррасонӣ ба кори “Нигоҳ” ба қайд гирифта шудааст. Ба бовари мо, қатъи фаъолияти “Нигоҳ” новобаста аз ҳамаи сабабҳо ба имиҷи сиёсии Тоҷикистон дар ҷаҳон таъсири манфӣ мегузорад”.
НАНСМИТ ва Шӯрои ВАО дар идома аз Ҳукумати Тоҷикистон даъват кардаанд, ба маҳдудсозии фаъолияти расонаҳои мустақил, ки кафолати манбаи алтернативии маълумот ба аҳолии кишваранд, иҷозат надиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |