Раъйи сокинони деҳае иборат аз 8 интихобкунанда дар Амрико
Нахустин раъйдиҳандагон дар деҳаи кӯчаки Диксинвил Нотч дар иёлоти Ню Ҳемпшир нимашаби сешанбе ба пойи сандуқҳои раъй рафтаанд.
Дар ин рустои наздик ба марзи Канада 8 нафар раъйи худро ба сандуқи интихобот рехтаанд. Пас аз шумориши оро маълум шудааст, ки 4 нафар ба ҷонибдорӣ аз Ҳилларӣ Клинтон ва 2 тан ба ҷонибдорӣ аз Доналд Трамп овоз додаанд.
Бар асоси қонунҳои иёлоти Ню Ҳемпшир манотиқе, ки ҷамъияти онҳо камтар аз сад нафар бошад, нимашаби рӯзи интихобот раъйгириро шурӯъ мекунанд. Сандуқҳои раъй дар аксари минтақаҳои Амрико аз соати 6-и субҳи 8 ноябр (ба вақти маҳаллӣ) боз мешаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |