Мақомот: 2 сокини ВМКБ силоҳро ихтиёран супориданд (АКС)
Мақомоти гумруки Тоҷикистон мегӯянд, алайҳи сокиноне, ки ихтиёран дар асоси фармони Президент силоҳи оташфишонашро месупоранд, парвандаи ҷиноӣ кушода намешавад.
Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, соли равон дар ВМКБ 5 ҳолати ошкор шудани пинҳонгоҳи силоҳ ва ё ихтиёран ба мақомот таслим намудани яроқ аз сӯи сокинон сабт гардид.
Манбаъ мегӯяд, аз ҷумла дар маҳаллаи Ниводаки шаҳри Хоруғ аз пинҳонгоҳ тапончаи «Макаров», дар дараи Зинги ноҳияи Ванҷ яроқи “Белка” ва дар кишлоқи Танги ноҳияи Шуғнон тапончаи тамғаи «Макаров» дарёфт ва мусодира карда шуд.
Тибқи иттилои Хадамоти гумрук дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ сокини 30-солаи деҳаи Қаракули ноҳияи Мурғоб як «Карабин» соли истеҳсолаш 1945-ро ихтиёран ба мақомот супорид: “Инчунин сокини 27-солаи ноҳияи Ишкошим тапончаи «Макаров»-ро ихтиёран ба мақомот дод”.
Хадамоти гумрук таъкид кард, ки бинобар набудани таркиби ҷиноят дар маводҳои мазкур оғози кори ҷиноятӣ қатъ карда шуда, нусхаи қарор ба Прокуратураи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пешниҳод шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |