Тибқи иттилои дафтари матбуотии райисҷумҳур дар нишаст нақшаи кори ҳукумати кишвар дар имсолаи якуми соли 2012 тасдиқ гардида, ҳисоботи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд доир ба тадбирҳои беҳсозии вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ шунида шуд. Тавре зикр гардид, дар соли 2010 ва 7 моҳи соли 2011 бо харҷи қариб 1,5 миллион сомонӣ ҳолати мелиоративии 1615 гектар заминҳои обии кишоварзии ин ноҳия тавассути тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, паст намудани сатҳи обҳои зеризаминӣ ва дигар корҳои зарурӣ беҳ шудааст. Ҳамчунин раиси ноҳияи Шаҳринав доир ба рафти иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа дар давраи то соли 2015 ҳисобот дод.
Манбаъ афзуд, дар маҷлиси навбатии ҳукумати Тоҷикистон як зумра барномаҳои нав, аз ҷумла Барномаи давлатии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ барои солҳои 2012-2020, Барномаи давлатии сармоягузорӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ барои солҳои 2012-2014, Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кўмаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2012-2013, Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2012, Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ барои солҳои 2012-2013, Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020, Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рашт барои солҳои 2012-2016, қоидаҳои таъмин намудани маъюбон бо табобати санаторию курортӣ ва қоидаҳои бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ таъмин намудани маъюбон тасдиқ карда шуд.Барномаи нави сармоягузорӣ, грантҳо ва сохтмони асосӣ барои солҳои 2012-2014 бо ҷалби беш аз 15 миллиард доллари амрикоӣ татбиқи зиёда аз 100 лоиҳаро дар назар дорад.
Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки дар ин барнома ҷалби сармоягузорӣ ба навсозии роҳҳои мошингарди Хуҷанд-Исфара, Айнӣ-Панҷакент, Ҳамадонӣ-Фархор-Панҷ, Восеъ-Темурмалик, Кўлоб-Ховалинг, Дарғара-Темурмалик-Балҷувон-Ховалинг ва ҳамчунин бунёди мактабу шифохонаҳои нав ва дигар иншооти иҷтимоӣ ба назар гирифта шавад.
Дар поёни ҷаласа Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба сербориш омадани тирамоҳи соли равон ва пешгўиҳо доир ба серборишии зимистону баҳори пешомад ба масъулини дахлдор дастур дод, ки аз ҳозир ба мавсими обхезиҳои соли оянда ва пешгирӣ аз оқибатҳои вазнини офатҳои табиӣ омодагии ҷиддӣ бинанд.
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |