Бахшҳо

Зуҳуров ба сафири афғон: Интиқоли бор набояд сиёсӣ шавад

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз сиёсӣ шудани масъалаи транзит ва ҳамлу нақли бор тариқи Афғонистон изҳори нигаронӣ кардааст.

Зуҳуров 11-уми ноябр дар мулоқот бо Абдулғаффори Орзу, сафири Афғонистон, ки ваколати дипломатиаш дар Тоҷикистон анҷом ёфт, изҳор дошт, ки долонҳои нақлиётӣ набояд барои пиёдасозии ҳадафҳои кӯтоҳмуддати сиёсӣ истифода шаванд: “Тиҷорат ва транзит дар замони муосир яке аз муҳаррикони муассири иқтисоди ҷаҳонӣ ва омили тақвияти тамосҳои байниинсонию байнифарҳангӣ маҳсуб мешаванд. Аз ин лиҳоз, мо бар ин назар ҳастем, ки долонҳои нақлиётӣ ва масъалаи ҳамлу нақли транзитӣ, бахусус тавассути Афғонистон, набояд ба абзори сиёсӣ табдил ёбанд ва ин мавзӯъҳои ҳассос набояд барои пиёдасозии манфиатҳои кутоҳмуддати сиёсӣ истифода шаванд. Имкониятҳои транзитии Афғонистон бояд барои рушди тиҷорати байниминтақавӣ хидмат кунанд ва ин кишвари дӯст аз тиҷорату транзит ҳамчун абзори муассири инкишофи иқтисодии кишвар ва ҳамкориҳои судманди минтақавӣ истифода кунад. Зеро тақвияти робитаҳои тиҷоратӣ ҳам ба нафъи мардуми Афғонистон ва ҳам ба нафъи рушди босуботи минтақа аст”.

Ин таъкиди Зуҳуров дар ҳолест, ки Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон моҳи сентябри соли равон эълом кард, ки иҷозаи убури колои Покистонро аз хоки худаш ба Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ нахоҳад дод.

Ин иқдоми ҳукумати Афғонистон посух ба Покистон арзёбӣ шудааст, ки барои ҳамлу нақли колоҳои бозоргонони афғон аз бандари “Вога”-и ин кишвар иҷоза надодааст. Ашраф Ғанӣ таъкид карда буд, ки “Покистон ҳамеша дар фасли мева роҳҳои тронзитии худро ба рӯи колоҳо ва маҳсулоти бозоргонҳои Афғонистон мебандад ва ин боис мешавад то бозоргонони афғон солона миллионҳо доллар зарар кунанд”.

Қаблан Кобул барои роҳ додани тоҷирони Покистон ба Тоҷикистон, шарт гузошта буд, ки Исломобод тоҷирони Афғонистонро ба Ҳиндустон роҳ диҳад. Шарти Афғонистон, ки аз Покистон хостааст, монеи тиҷорат бо Ҳиндустон нашавад, соли гузашта боиси ба таъхир гузоштани имзои созишномаи транзитии Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон шуда буд: “Баъди чанд соли гуфтушунид, аввали соли гузашта, зимни имзои созишномаи транзитии сеҷонибаи Тоҷикистон-Афғонистон-Покистон, Кобул шарти нав дар мавриди Ҳиндустонро пешниҳод кард, ки норозигии Исломободро ба вуҷуд овард. Ин нофаҳмӣ боиси боз ба таъхир гузоштани имзои созишнома гардид”.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)