Мунтахаби футболи Афғонистон бе сармураббӣ ба Тоҷикистон омад
Дастаи мунтахаби футболи Афғонистон барои анҷоми як бозии дӯстона бо Тоҷикистон бидуни сармураббӣ вориди Тоҷикистон шуд.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, Петра Сегрта, мутахассиси хорватӣ, ки сармураббии ин даста буд, аз мақомаш барканор шуда, ба ҷойи ӯ муваққатан бозигари 27-солаи мунтахаб Ануш Дастгир интихоб шудааст.
Ба иттилои манбаъ, Ануш Дастгир дар ҳайати мунтахаби Афғонистон дар бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 ширкат карда, ҳамакунан дастаро дар рақобат бо Тоҷикистон роҳбарӣ хоҳад кард.
Ануш Дастгир гуфтааст, ба Тоҷикистон 26 бозигар овардааст, ки аз он 8 нафарашон намояндаҳои клубҳои дохилӣ ва 18 нафари дигарашон дар клубҳои Дания, Ҳиндустон, Олмон, Ҳолланд, Руминия, Норвегия, ИМА, Тайланд, Малайзия ва Шветсия бозӣ мекунанд.
Бозии рафиқона миёни Тоҷикистон ва Афғонистон фардо 13 ноябр дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мегардад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |