Бахшҳо
14 ноя 2016 12:19Тоҷикистон / Тема дня

Захмӣ шудани Лутфулло, “авторитет”-и тоҷики олами ҷиноӣ ва ҳушдор аз афзоиши “разбор”-ҳо

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия аз шиддат гирифтани муноқиша миёни гуруҳҳои мофиёии тоҷик дар ин кишвар ҳушдор додаанд.

Расонаи “Росбалт” аз қавли манобеяш навиштааст, ки Лутфулло, яке аз “авторитет”-ҳои тоҷики олами ҷиноии Русия ахиран маҷруҳ шуда, ваъда додааст, ки қасосашро мегирад. Лутфулло, ки дар гузашта дар мақомоти низомии Тоҷикистон кор мекардааст, дар сӯиқасд ба ҷонаш саркардаи дигари олами ҷиноӣ Ҳоҷӣ Абуҷабборро гунаҳкор медонад.

“Росбалт” бо нашри як матлаб дар бораи муноқишаи Ҳоҷӣ Абуҷаббор ва Лутфулло навиштааст, ки ин афрод дар гузашта аз дӯстони наздик будаанд ва аввалӣ тамоми муҳоҷирони тоҷикро, ки дар марказҳои савдои “Москва”, “Южный двор”, бозори “Садовод” ва қабристонҳо кор мекунанд, таҳти назорати дорад.

Лутфулло барои расидан ба ин сатҳ Абдуҷабборро дастгирӣ кардааст ва барои ин кораш даромад ба даст меовардааст. Аммо, Абуҷаббор ахиран гуруҳи худро ташкил карда, ҳаққи Лутфуллоро кам кардааст, ки чунин тасмими ӯ муноқишаи ин ду дӯстро ба бор овардааст.

Дар пайи ин вазъият Абдуҷаббор Маскавро тарк мекунад ва Лутфулло низ ҳадафи тири афроди номаълум қарор гирифта захмӣ мешавад.

Ба навиштаи “Росбалт”Абдуҷабборро дар ташкили ҳамла ба Лутфулло гумонбар мекунанд: “Худи Абдуҷаббор баъди бозгашташ ҳодисаи рафтан аз Маскавро ингуна шарҳ додааст. Кормандони мақомот шиносномаи ӯро ғайриқонунӣ дониста онро дарондаанд. Ӯ ба ин далел Маскавро ба қасди Тоҷикистон тарк мекунад. Онҷо шиносномаи дипломатӣ дуруст карда ба Русия бармегардад”.

Манбаъ аз қавли Лутфулло навиштааст, ки ӯ ба гуфтаи Абуҷаббор эътимод надорад ва пас аз табобат ҷавоби амали ӯро хоҳад дод. Ба навиштаи “Росбалт” Лутфулло замоне фармондеҳи яке аз неруҳои вижаи Тоҷикистон будааст, ки сарбозони омӯзишдидаи бисёре дар ҳайати худ доштааст.

Аммо, ахиран Абуҷаббор гуруҳи калони варзишгаронро таҳти нуфузи худ гирифта, ҳатто мусобиқаҳои варзишӣ ҳам мегузаронад. Ба ин тартиб “Росбалт” аз қавли манбаи худ дар ниҳодҳои интизомӣ навиштааст: “Агар ин ҷанг ба марҳилаҳои фаъолтар гузарад қурбониҳои бисёреро интизор доштан имкон дорад, ки дар қиёс ба қазияи Хованское бузургтар хоҳад буд. Зимнан дар ин муноқиша одамони Абуҷаббор низ даст доштанд”.

“Росбалт” дар бахши дигари матлабаш дар бораи фаъолиятҳои ҷиноии Шуҳрат, шаҳрванди Тоҷикистон, Мустафо, фармондеҳи собиқи неруҳои вижаи Тоҷикистон ва бародари ҳамсари Лутфулло навиштааст, ки замоне аз сӯи Олег Ашхабадский, нафари бонуфузи олами ҷиноӣ барои ҷамъ кардани пул аз муҳоҷирон таъйин шудаанд. Тамоми ҷараёни ҷамъоварии пул тавассути Абуҷаббор анҷом шудааст. Ба ин тартиб, Абуҷаббор тадриҷан дар пулҷамъкунӣ аз муҳоҷирон худашро бозигари мустақил эълон кардааст.

Дар пайи ин Мустафо кушта мешавад ва чандпе пас Шуҳрат низ дар ноҳияи Домодедови Маскав кушта мешавад.

Мақомоти Русия Абуҷабборро дар кушта шудани ин ду тан гумонбар медонанд. Ба гуфтаи онҳо Лутфулло, ки дар олами ҷиноӣ бо номи Анвар маъруф аст, дар амалӣ кардани ин куштор ба ӯ кумак кардааст.

Ин дар ҳолест, ки моҳи майи соли равон “Росбалт” дар пайи муноқишаи маргбори “Хованское” иттилоъ дода буд, ки баъди омӯзиш маъмурини пулис муайян кардаанд, ки вазъ дар бархе аз бозору марказҳои савдо, махсусан дар минтақаи “МКАД” ва “Люблино” муташанниҷ аст, зеро “ҳақситонӣ”-ҳои ғайриқонунӣ афзоиш ёфтаанд: “Якбора зиёд шудани ҳаҷми ҳақситонӣ боиси норозигии ҳазорҳо муҳоҷири меҳнатӣ шудааст, ки қисмати зиёди музди худро ба ҷинояткорон медиҳанд”.

Юрий Вершоев, муаллифи ин матлаб аз қавли манобеаш навишта буд, ки ҳақситонӣ аз муҳоҷирони меҳнатӣ дар бозору марказҳои савдо дар пайи созиши сохторҳои ҷиноӣ бо раисони бозорҳо роҳандозӣ шудааст: “Аз ҷониби олами ҷиноӣ ин равандро “дузди қонунӣ” Олег Михаелян бо тахаллуси Олег Ашхабадский назорат мекард. Ӯ ба ҳайси нозир Шуҳрати тоҷик, ки миёни муҳоҷирон нуфуз доштааст, таъин намудааст. Шуҳрат дар навбати худ барои пуштибонии ҷисмонӣ Мустафо, собиқ фармондеҳи яке аз воҳидҳои махсуси қудратии Тоҷикистонро ҷалб кардааст. Ҷамъоварии бевоситаи маблағ ба дӯши Ҳоҷӣ Ҷаббор ва Ҳоҷӣ Самад, бригадирҳои аробаю боркашҳо вогузор шуда буд”.

Ба иттилои манобеи “Росбалт”, бо мурури замон нақши ҳоҷиҳо Ҷаббор ва Самад дар ҷамъоварии маблағҳо афзоиш ёфт ва онҳо мустақилтар шуданд. Бо роҳбарони бозору марказҳои савдо робитаи мустақим барқарор карда, ҷамъоварии маблағҳоро ба дасти худ гирифтанд.

Вершов моҳи майи соли равон навишта буд, ки чанде қабл Мустафо ба ҷони худ хатарро эҳсос карда, дар вилояти Кострома хона харидааст: “Аммо ним сол пеш бо зарби 14 тир дар пеши дари хонааш кушта шудааст. Баъдан Шуҳратро низ дар ноҳияи Домодедова парондаанд”.

Юрий Вершов таъкид намудааст, ки дар аҳди Ҳоҷӣ Самад ва Ҳоҷӣ Ҷаббор ҳаҷми ҳақситониҳо афзоиш ёфт, ки ин норозигии муҳоҷирони меҳнатиро ба вуҷуд овардааст: “Афродеро, ки норозигӣ баён мекунанд, латтукӯб мекунанд, аз ҷои кор меронанд”.

Манбаи “Робалт” ҳушдор дода буд, ки бархилофи муноқишаи “Хованское”, ки садҳо иштирокчӣ дошт, дар муноқишаҳои нави эҳтимолӣ сухан аз ҳазорҳо афроди норозӣ меравад.
Мӯҳр
Ин Тоҷикҳоро ба дасти худи Тоҷикон нест кардан аст. Дар ин кор ғайри Тоҷикҳо даст доранд. Ягон гуруҳи дигар тоҷикҳоро зери контроли худ қарор додани аст.

Э ИН ТОЧИК ОДАМ НАМЕШАВАД ФАКАТ ЯКДИГАРРО МЕКУШАНД ЗУРАШОН ДИГАР БА ХЕЧ КАС НАМЕРАСАД ИН ГАРАНГХОРО ДОИМ ФИРЕБ ДОДА БО ХАМДИГАР ЧАНГ МАЕНДОЗАНД ОХИР ДИГАР ВАКТИ ОН АСТ КИ БА ХУД ОЕД

Фируз
Точик мисли кабк аст! Кабк то хунсор шудану дами марг, бо кабки дигар мечангад. Вале, аз хама дарднокаш ин аст, ки кабк аз хама намуди парандахои дигар метарсад. (хато аз зогхам метарсад.)

ГУфто: Зи ки нолем, ки аз мост ки бар мост!
-------------------
Ман аз бегонагон харгиз нанолам,
Ки бо ман харчи кард он ошно кард.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)