Сафири нави Тоҷикистон дар Муғулистон эътимодномаи худро супурд
Назирмад Ализода, сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон, ки ҳамзамон дар Муғулустон сафир таъйин шуд, эътимодномаи худро ба президенти он кишвар супурдааст.
Дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ин маросим чоршанбеи 15 ноябр дар Қасри президентии шаҳри Улан Батор сурат гирифта, ҷаноби Ализода эътимодномаи худро ба Тсахиагийн Элбэгдорж, раисҷумҳури Муғулистон таслим кардааст.
Ба иттилои манбаъ, Элбэгдорж дар ин маросим ба ҳамтои тоҷикаш -- Эмомалӣ Раҳмон ва тамоми мардуми Тоҷикистон сулҳ ва пешравӣ орзу намуда, омодагии кишварашро барои густариши минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи мутақобилан муфид изҳор намудааст.
Назирмад Ализода, ки аз 18 июни соли 2014 сафири Душанбе дар Остона буд, 21 июли соли 2016 ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Муғулистон таъин шуд. Рӯзи 26 октябр дафтари матбуоти Эмомалӣ Раҳмон фармони Президент дар бораи аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Муғулистон озод кардани Акбаршо Искандаровро нашр кард. Дар ин фармон сабаби аз мақом озод шудани Искандаров шарҳ дода нашудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |