Тағйироти кадрӣ: Таъини раисони нав дар се ноҳияи Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон се раиси ноҳияи водии Раштро иваз намуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, бо фармони раисиҷумҳур Зоҳирзода Умед Тоир бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Лахш озод ва ба ҷойи ӯ Баротзода Файзулло Раҷаб - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Лахш таъин гардид: “Тибқи фармонҳои дигар Ҳиммати Ғайрат бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи раиси ноҳияи Сангвор озод карда шуда, Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер - иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Сангвор таъин гардид”.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин раиси ноҳияи Тоҷикобод Ализода Ҳусейн Хоҷамирро бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа озод ва ба ҷойи ӯ Нодираи Маҳмадисоро таъин кардааст: “Ҳамчунин дар асоси розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Зоҳирзода Умед Тоир муовини раиси вилояти Хатлон таъин гардид”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |