Ислом Каримов гуфтааст, модараш зинда аст
Писари бузурги Гулнора Каримова, ки ному насабаш айни бобояш -- Ислом Каримов аст, хабарҳо дар бораи даргузашти модарашро беасос хондааст.
Ӯ дар суҳбат бо бахши узбакии Бӣ Бӣ Сӣ гуфтааст, модараш зинда, аммо ҳанӯз дар ҳабси хонагӣ қарор дорад. Ба қавли Ислом Каримов, хоҳараш Имон аз ҳабси хонагӣ озод шуда, вале ҳаққи берун шудан аз хоки кишварро надорад.
Рӯзи душанбеи 21 ноябр пойгоҳи хабарии “Центр-1” аз қавли манбаи худ дар Идораи амнияти миллии Узбакистон аз марги Гулнора Каримова хабар дод. Ин пойгоҳ навишт, духтари президенти собиқ дар пайи заҳролудшавӣ ба ҳалокат расидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |