Бахшҳо

Пешниҳод ба олимони тоҷик: Ба нусфар назарногирона муносибат накунед!

Як донишманди тоҷик мегӯяд, дар Тоҷикистон бояд ба парвариши рустании нусфар ё сафлор аҳамияти вижа дода шавад.

Мизроб Амирбеков, мутахассиси бахши кишоварзӣ иддао дорад, хусусияти ин рустанӣ имкон медиҳад, ки Тоҷикистон дар бахши кишоварзӣ, саноат ва тиб пешрафти назаррасе дошта бошад.

Ӯ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ҳоло муносибати олимони тоҷик нисбати ин зироат назарногирона мебошад: “Мувофиқи фаҳмиши доштаам ва бардоштҳоям аз суҳбати олимони кишоварзӣ хусусиёти исботгаштаи растании нусфарро барои хулосаи олимони соҳаи иқтисод, тандурустӣ ва инчунини барои мутахассисони Вазорати кишоварзӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пешниҳод менамоям".

Амирбеков гуфт, дар ин замина ду пешниҳод дорад: "Якум. Мутахассисони касбии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хусусиёти ин растаниро хуб мефаҳманд ва танҳо барояшон ёдрас мешавам, ки нусфар дар заминҳои лалмӣ хуб мерӯяд, обро кам талаб доранд, нисбати ғизонокии замин талаботи зиёд надоранд ва дараҷаи равғаннокиашон баробари 25 фоиз мебошанд. Пас савол инҷост, ки чаро майдони кишти нусфарро аз рӯи захираҳои замини доштаамон, ки дар шароити ноҳияҳои мувофиқи водии Рашт ва вилояти Хатлон хело бисёранд, зиёд намесозем?

Дуввум. Пешниҳодам барои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон сари он аст, ки агар имрӯз мо дар шароити ҷумҳуриамон ғайри равғани пахта дар шакли васеъ дигар хел равған истеҳсол надорем, умуман саноати истеҳсоли рангро аз растании ватанӣ таҷриба накардаем, дар саноати пухту паз равғани растании истеҳсоли хориҷиро ба таври васеъ истифода месозем ва худиро қариб надорем, пас чаро аз ин растании равғандиҳанда дар дохили ҷумҳуриамон истифода наменамоем? Дар навбати дигар растании нусфар ашёи асосии истеҳсоли олиф, лак, ранг, линолеум ва истеҳсоли собун ҳисоб меёбанд ва чаро мо аз ин растанӣ мувофиқи захира ва имконотҳои доштаамон дар саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода намесозем?”


Пешниҳод ба олимони тоҷик: Ба нусфар назарногирона муносибат накунед!Мизроб Амирбеков мегӯяд, рустании мазкур дар бахши тиб ҳам метавонад хеле муҳим бошад. Ӯ дар ин робита афзуд, нусфарро мешавад дар саноати истеҳсоли дорувории касалиҳои дил, паст кардани дараҷаи қанд дар хун, дорувориҳои табобати артрит, табобати системаи асаб, табобати простата, саратони рӯда, касалиҳои ҷигар ва псориаз, гастрит, захми меъда, малҳам барои пӯст ва тухми онро ҳамчун воситаи тазакунандаи хун ва табобати дигару дигар касалиҳо истифода истифода намуд: “Институти иқтисодиёти кишоварзии Тоҷикистон бояд захираҳои зиёди замини мавҷудаи водии Рашт ва вилояти Хатлонро аз рӯи дараҷаи мувофиқат нисбати ҷойгиркунонии кишти растании нусфар таҳлил ва хулосабарорӣ намояд ва аз рӯи имконоти дараҷаи истеҳсоли растании нусфар дар Тоҷикистон баҳри саноатикунонии истеҳсоли равған, масолеҳи рангубор ва дорувориҳо барои вазоратҳои дахлдор мусоидат намоянд”.
Мӯҳр
Агроном
Популизм. Агар хамин нусфар барои хочагихо муфид мебуд, онро кайхо бе пешниходи шумо мекоштанд. Ба едам хаст Никита Хрущев хам дар солхои шастум, баъд аз сафари ИМА ба тамоми хочагихо фармон дода буд, ки майдони кишти чуворимаккаро зиед кунанд. Натичааш хеч чиз нашуд. Бисери колхозхо танхо зарар диданд.

Вакте ки Ермазмад Гулов раиси корпоратсияи хуроквори буд, нисбати ин мавзуъ кор мекард ва оид ба истехсоли равган аз ин растани пешниходхои хуб хам карда буд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)