“Ховар”: Зимистони сахт моро наметарсонад, бори аввал нест (АКС)

Хабаргузории миллии “Ховар” бо пахши як иттилоия мардуми Тоҷикистонро бо барфи аввал табрик карда, таъкид намудааст, ки аз зимистони сахт набояд тарсид.
Дар иттилоияи “Ховар” таъкид шудааст, ки ҳарчанд, аз рӯи пешгӯии обуҳавошиносони тоҷик сардии шадид дар моҳи ноябр-хабар аз зимистони бисёр сахт аст, вале ин моро наметарсонад: “Бори аввал нест”.
Дар идома хабаргузорӣ мардуми Ҷопонро мисол овардааст, ки аз сардии зимистон шоданд: “Бубинед, дар Япония дар тӯли 54 соли охир бори аввал моҳи ноябр барф борид! Ба хунукии рекордии дар кишвар бақайдгирифташуда нигоҳ накарда, японҳо аз ин чи қадар шоданд! Дар мо ҳам барфи аввал боиси хурсандист. Чунки вақте ҳама ҷо сафед мешавад, гӯё дар дунё мӯъҷиза рух медиҳад ва рӯҳи моро шодӣ фаро мегирад”.
“Ховар” аз барфи аввал тавсиф карда, илова намудааст, ки дар олам чунин дарде нест, ки барф табобат накунад: “Барф-ин рамзи на танҳо таҳаввулот, балки ҳосили хуби оянда, рамзи фаровониву боигарист”.
Ин табрикот дар ҳолест, ки ба гуфтаи сокинони Душанбе масъулин ба барфрезии имрӯза омодагӣ надидаанд, зеро то ҳанӯз роҳҳо дар хиёбонҳои пойтахт норӯфтаанд ва ин вазъ ҳаракати мошину пиёдагардонро мушкил месозад. Инчунин дар рӯзҳои сарди охир ҳолатҳои қатъи интиқоли барқ низ дар пойтахт афзоиш ёфтааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |