Таъкиди Зуҳуров ба бисёр ҳассос ва масъалаи муҳим будани муҳоҷирати меҳнатӣ
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон муҳоҷирати меҳнатиро “муҳимтарин масъала ва бисёр ҳассос” барои Душанбе ва Маскав хондааст. Шукурҷон Зуҳуров ин нуктаро 24 ноябр дар мулоқот бо Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия изҳор доштааст.
Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон ба “Озодагон” гуфт, ҷаноби Зуҳуров дар ин дидор таъкин намудааст, ки ки қисми зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошта, пас аз ҷорӣ намудани қоидаҳои нави қабули шаҳрвандон ба кор дар Русия – аз моҳи январи соли ҷорӣ як қатор мушкилоти марбут ба истиқомати муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар қаламрави он кишвар ба вуҷуд омадааст.
Манбаъ мегӯяд, раиси Маҷлиси намояндагон изҳори умед кардааст, тамоми масъалаҳои марбут ба муҳоирати меҳнатӣ бо роҳи мусбӣ ҳал хоҳанд шуд.
Бино ба иттилои ғайрирасмӣ теъдоди муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия беш аз як миллион нафарро ташкил медиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |