Ҳушдори Назарбоев аз зуҳури ҷангиёни “ДИИШ” дар марз бо Тоҷикистон
Нурсултон Назарбоев, раисиҷумҳури Қазоқистон ҳушдор додааст, ки дар сурати шикасти “ДИИШ” дар Сурия ва Ироқ ҷангиёни ин созмони террористӣ метавонанд, дар Афғонистон, дар марз бо Тоҷикистон, Узбакистон ва Туркманистон пайдо шаванд.
Назарбоев дар суҳбат бо шабакаи телевизионии “Россия 24” изҳор доштааст, ки танишу якдигарнофаҳмии абарқудратҳо барои нест кардани “ДИИШ” халал ворид мекунад: “ДИИШ қаламрави хурду даҳҳо ҳазор одамро фаро мегирад. Барои шикасти ин созмони террористӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ, махсусан абарқудратҳо бояд муттаҳид шаванд”.
Ӯ бо зикри эҳтимоли фирори ҷангиёни “ДИИШ” аз Сурия ва Ироқ ба Афғонистон, ба марзи кишварҳои Осиёи Марказӣ таъкид кардааст, ки дар ин сурат ба ҷангиёни созмон нерӯҳои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ посух хоҳанд дод: “Айни ҳол шукри Худо дар ин ҷумҳуриҳо чунин ҳолат ҷой надорад, аммо эҳтимолият вуҷуд дорад. Он гоҳ низоми муштараки ҳимояи мо ба ин созмон посух хоҳад дод”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |