Андуҳи Э.Раҳмон аз суқути ҳавопаймо бо футболбозони бразилиягӣ
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар пайи суқути ҳавопаймои ҳомили шаҳрвандони Бразилия ба Президенти ин кишвар, Мишел Мигел Элиас Темер Лулиа барқияи тасаллият ирсол кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон ба Мишел Мигел Элиас Темер Лулиа аз ҷумла омадааст: "Хабари суқути ҳавопаймои мусофирбар, ки бар асари он даҳҳо шаҳрванд ҷони худро аз даст доданд, боиси андуҳи мо гардид. Ба мардуми дусти Бразилия изҳори тасаллият намуда, хоҳиш мекунам, ки ҳамдардии самимии моро ба пайвандон ва наздикони ҳалокшудагон бирасонед. Ба осебдидагон шифои ҳарчи зудтару комил мехоҳам".
Ҳавопаймои ҳомили 77 нафар, аз ҷумла футболбозону масъулини дастаи бразилиягии “Шапекоэнсе” ва рӯзноманигорон 29-уми ноябр дар Колумбия суқут кард. Дар пайи он 71 нафар ҷон дода, 6 нафари дигар маҷруҳ шуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |