“Муносибат бо афроди нобино хуб нест, онҳоро бо ангушт ишора мекунанд”

“Вақте ҳамагӣ барои чанд лаҳза чашмонамонро бо латтапорае бастанд, моро воҳима пахш намуд. Маҳз дар ҳамин лаҳза ҳаёти нафароне пеши назар омад, ки аз биноӣ маҳруманд. Фикр кардам, онҳо на, балки мо нобино будаем, ки онҳоро нодида мегирифтем”.
Душанбе давоми се рӯзи ахир мизбони семинар-машварати умумиҷумҳуриявӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи тавонбахшии нобиноён буд. Ин семинар бо ибтикори Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва Созмони ҷаҳонии беҳдошт бо ҳузури намояндаҳои созмонҳои ҷамъиятӣ сурат пазируфт. Қурбоналӣ Норматов, яке аз масъулини чорабинӣ ҳадафи онро роҳандозии зина ба зинаи воридкунии ашхоси нобино ба ҷомеа унвон кард: “Вақти он расидааст, ки шахсони нобиноро ба ҷомеа ворид намоем, афкори мардумро барои қабули онҳо омода созем”.
Дар ин семинар мутахассисон бо роҳандозии машғулияти “чашмбандак” талош карданд, ки зиндагии нобиноёнро ба иштирокдорон рӯшан созанд. Саломат Аёзова, роҳбари маркази дастгирии занҳои танҳо -- “Нури умед”-и шаҳри Панҷакент мегӯяд, “вақте ҳамагӣ барои чанд лаҳза чашмонамонро бо латтапорае бастанд, моро воҳима пахш намуд. Маҳз дар ҳамин лаҳза ҳаёти нафароне пеши назар омад, ки аз биноӣ маҳруманд. Фикр кардам, онҳо на, балки мо нобино будаем, ки онҳоро нодида мегирифтем”.
Яке аз ҳадафҳои дигари ин машварат “пеш бурдани фаъолият ҳангоми кор бо нобиноён” гуфта шуд. Замира Набиева, роҳбари ташкилоти “Рушди инклюзия” мегӯяд, дар бештари маврид нобино ва умуман шахсони имконияти ҷисмониашон маҳдуд аз мадди назар дур мемонанд: “Муносибат бо онҳо хуб нест ва онҳоро бо ангушт ишора мекунанд. Ҳамин сабаб мешавад, ки баъзе модарон ин гуна кӯдакони худро пинҳон менамояд. Вале ҳоло вақти он расидааст, ки мо – атрофиён, ҳамсинфон, муаллимон барои дарку қабули нобино омода бошем”.
Сиёвуш Илёсов, омӯзгори мактаб–интернати ҷумҳуриявии бачагони нобинои шаҳри Ҳисор дар бораи шеваи дурусти кор бо кӯдакони нобино ва сустбини то синни мактабӣ, муошират бо нобиноён суҳбат намуда, илова кард, барои кӯдаки нобино муошират хеле зарур мебошад: “Ба онҳо хӯрок хӯрдан, роҳгардӣ ва умуман тарзи зиндагии дурустро бояд омӯхт”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |