“Тӯби тиллоӣ” насиби кӣ мешавад: Мессӣ, Роналду ё Гризманн?
Исми муддаиёни беҳтарин футболбози сайёра эълон шуд.
Федератсияи ҷаҳонии футбол ё ФИФА эълон кард, имсол Лионел Мессӣ (Аргентина), Криштиану Роналду (Португалия) ва Антуан Гризманн (Фаронса) довталаби ҷоизаи “Тӯби тиллоӣ” ҳастанд.
Мессӣ имсол дар ҳайати “Барселона” қаҳрамон ва барандаи Ҷоми Испания гардид, Роналду бошад, дар ҳайати яккачини Португалия қаҳрамони Аврупову дар ҳайати “Реал” ғолиби Лигаи қаҳрамонҳо ва Гризманн дар ҳайати “Атлетико” то финали Лигаи қаҳрамонҳо ва дар ҳайати мунтахаби Фаронса ба финали қаҳрамонии Аврупо роҳ ёфтанд.
Исми беҳтарин футболбоз 9 январ дар маросими ботантанае дар Сюрихи Швейтсария эълон мешавад. Тибқи муқаррароти ФИФА “Тӯби тиллоӣ” ба футболбозе тақдим мегардад, ки раъйи бештари мураббиёну капитанҳои дастаҳои мунтахаби ҷаҳон ва хабарнигоронро ба даст оварад.
Соли гузашта Лионел Мессӣ барои панҷумин бор “Тӯби тиллоӣ”-ро ба худ ихтисос дода буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |