Юсуф Раҳмон: Тоҷикистон бехавфтарин кишвари ИДМ барои зиндагист

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, кишвари мо дар миёни ҷумҳуриҳои посшӯравӣ аз лиҳози бехатарӣ барои ҳаёти шаҳрвандон дар ҷои аввал қарор дошта, Душанбе ба феҳрасти 10 шаҳри барои зиндагӣ бехавфтарин шомил шудааст.
Ӯ ин нуктаро дар мақолааш, ки зери унвони “ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАШАККУЛИ БОНИЗОМИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА” дар “Ҷумҳурият” чоп шудааст, таъкид намудааст.
Додситони кул дар васфи Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки Президенти мамлакат дар саргаҳи ташаккули сиёсати давлатӣ дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҳуқуқӣ дар кишвар қарор дошта, аз оғози рисолати худ фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратиро ба тақвияти мубориза бо ҷинояткорӣ равона намуданд: “Дар давраи баъдиҷангӣ дар дасти аҳолӣ ва гурӯҳҳои ҷиноятпеша миқдори зиёди силоҳи оташфишон қарор дошта, оромии сокинони кишвар ва фаъолияти муътадили мақомоти давлатиро халалдор мекард. Аз ин лиҳоз, Президенти мамлакат моҳи декабри соли 1994 “Дар бораи ихтиёран супоридан ва мусодира намудани силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ” фармон ба имзо расонданд. Дар раванди иҷрои фармони мазкур аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даҳҳо ҳазор мил силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ дарёфт ва мусодира карда шудааст”.
Юсуф Раҳмон навиштааст, ки маҳз дар пайи ин иқдом Тоҷикистон ва шаҳри Душанбе аз ҷумлаи маконҳои бехавфтарин барои иқомат шудаанд.
Додситони кул таъкид намудааст, ки сулҳу оромӣ дар Тоҷикистон ба шарофати Эмомалӣ Раҳмон пойбарҷо шуд: “Дар роҳи расидан ба сулҳу осоиш ва хотима додан ба ҷанги шаҳрвандӣ ҳаёти худро зери хатар гузошта, ҷиҳати музокирот бо намояндагони гурӯҳҳои мусаллаҳ, ҳалли масъалаҳои гурезагон ва ба даст овардани эътимоду боварии мардум борҳо ба минтақаҳои ҷангзадаву хавфнок сафар карданд. Тавассути ин тадбирҳо оташи ҷанг хомӯш ва гурезаҳо ба ҷойҳои доимии зисташон баргардонда шуданд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки таҳти сарварии бевоситаи Президенти мамлакат ба даст омадааст, минбаъд аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун намунаи нодири сулҳофарӣ эътироф гардида, дар минтақаҳои ҷаҳон истифода шуда истодааст”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |