2 паёми солонаи Президент ба парлумон дар 2016
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 22-юми декабр паёми солонаашро ба парлумони кишвар ироа мекунад.
Тибқи иттилои Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, иҷлосияи чоруми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум 22 декабр дар шаҳри Душанбе соати 9.00 дар назар дошта шудааст: “Аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 20 ва 21 декабри соли 2016 аз соати 8:00 то 17:00 дар бинои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ошёнаи якум, утоқи 2 ба қайд гирифта мешаванд. Иштирокчиён метавонанд барои гирифтани маълумот бо телефонҳои 20-26, 221-89-35 ва 221-30-84 муроҷиат намоянд”.
Ин дар ҳолест, ки паёми ахири солонаи Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон 20-уми январи соли равон ироа шуда буд.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёмҳояш ба парлумон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷиро муайян намуда, ҳадафҳои асосии солонаро дар назди ҳукумат ва парлумон ироа мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |