Беназир: Ҳис мекунам падарам бо чӣ азобҳо Ватанро тарк мекард... (АКС)

Беназир Ализода, наққоши ҷавон ва духтари Исфандиёри Назар, шоир ва рӯзноманигори тоҷики муқими Олмон дар барномаи “Сад зан”, тарҳи вижаи Бӣ-Бӣ-Сӣ-и форсӣ аз ибтидои кори наққошии худ қисса кардааст.
Ӯ дар ин барнома мегӯяд, нахустин кораш ин буд, ки мехост дар зодрӯзи падар барои ӯ аз заҳмати худаш биёварад: “Аммо чӣ ва чӣ гуна? Ёдам меояд ҳангоме, ки дар синфи панҷум дарс мехондам расме кашидам бисёр содда ва кӯдакона ва падарамро бо он табрик гуфтам. Хурсанд шуд ва он “асар”-ро миёни дафтарҳои худ гузошт”.
Ализода дар идома меафзояд, наққошиаш аз ҳамон рӯз оғоз шуд. “Гул мекашидам. Мехостам гулҳоро бисёр бубинам. Ба ҳар гуле таваҷҷуҳ мекардам. Фориғ аз дарсҳо корам гулкашӣ буд. Муаллими гиёҳшиносӣ ба гулҳои ман баҳои аъло медод”,-илова мекунад ӯ.
Ба гуфтаи ин наққоши ҷавони тоҷик, дар зодрӯзи дигари падараш тасвири ӯро барояш ҳадя кард: “Пинҳон нишастам ва наққошии падарамро тасвир мекардам. Онро ба модарам нишон додам. Модарам хурсандона наққоширо нигоҳ кард ва айбҳои онро нишонам дод, то ислоҳ кунам. Наққошӣ омода шуд ва ман онро дар зодрӯзи падарам армуғон овардам. Хурсандии падарамро аз нигоҳҳояш дарк мекардам ва ба худ меболидам”.
Беназир Ализода мегӯяд, наққоширо дар ҳеч мактабе наомӯхтааст, аммо ҳамеша дар хобҳояш ранг мебинад: “Ҳамеша ба рангҳо нигоҳ мекунам ва рангҳо бо ман сухан мегӯянд. Намедонам ин чӣ ҳолате аст. Ҳамеша мегӯям, кош истеъдоди нависандагӣ медоштам, кош метавонистам ончиро бо расм байён намешавад, бинависам”.
Беназир дар бахши дигаре аз навиштааш илова карда, мехоҳад субҳеро тасвир кунад, ки хонаводаашон аз Ватан рафт: “Мехоҳам андуҳи он субҳи ғамангезро баён кунам. Чашмҳои аз бехобӣ сурхшуда ва аз ғам фурӯрафтаи падарамро, ки ҳис мекунам бо чи азобҳо Ватанро тарк мекард. Ашкҳои модарамро дар роҳ... Мехоҳам он ҳисси сангини худро аз он субҳ бо таркибе аз рангҳо ва калимаҳо баён кунам, ки вуҷудам бо ғам печида буд: Мо аз Ватан меравем, мо ба куҷо меравем? Мо чанд сол Ватани худро намебинем? Мехоҳам ашкҳоро тасвир кунам, ки дар ҳар қатраи он мусибаи як хонавода тӯфон мекунад. Аммо ҳанӯз дар ибтидои роҳам...”
Ӯ дар интиҳо дар бораи ҳунари наққошӣ суҳбат намуда, онро душвортарин хондааст. “Зану мард будани ҳунарманд шояд аҳамияте надорад. Ҷуз ин ки бори зиндагӣ шояд ба зан имкони камтаре барои расидан ба корҳои ҳунарӣ медиҳад. Дар наққошии занон нозукӣ ва латофат ошкор аст. Масалан, дар кашидан мӯи сар ҳис мешавад, ки мӯқалам дар дасти мард аст ё зан”,-гуфтааст вай.
Наққошиҳои Беназир (аксҳо аз саҳфаи Фейсбуки Исфандиёри Назар)
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |