“Барқи тоҷик”: Ба сокинон 12 соат барқ дода мешавад

“Барқи тоҷик” реҷабандии маҳдудияти барқ ба навоҳии кишварро давоми як ҳафтаи охир то панҷ соат камтар кардааст.
Дафтари матбуоти ширкати “Барқи тоҷик” мегӯяд, шурӯъ аз имрӯз, 14 декабр ба тамоми минтақаҳои кишвар, ки дар ҳоли маҳдудият барқ мегиранд, 12 соат барқ дода мешавад: “Ба ҳама минтақаҳои кишвар аз соати 05:00 то 11:00 ва бегоҳӣ аз соати 16:00 то 22:00 барқ дода мешавад”.
Манбаъ мегӯяд, барои риояи ҳатмии ин ҷадвал роҳбарони ҳамаи шабакаҳои барқӣ аз ҷониби раиси ширкати “Барқи тоҷик” супориши мушаххас гирифтаанд ва соатҳое, ки бо сабабҳои техникӣ, аз ҷумла рӯй додани садамаҳо, муштариён барқ намегиранд, баъди аз байн бурдани садама дар дохили ҳамон шабонарӯз миқдори соатҳои барқи нагирифтаашон ҷуброн мегардад.
Давоми ҳафтаи охир ин маротибаи сеюм аст, ки маҳдудият ё “лимит”-и барқ кам карда мешавад. 10 декабр “Барқи тоҷик” эълон кард, дар пайи дастури Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар “лимит”-ро то се соат кам мекунад. Дафтари матбуоти “Барқи тоҷик” рӯзи 12 декабр аз зиёд кардани як соат неруи барқ хабар дод.
Масъулини ин ниҳод мегӯянд, рӯзи 22 декабр, ки паёми солонаи Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон ироа мегардад ва он тавассути телевизионҳои давлатӣ мустақиман пахш мегардад, аз соати 6-и субҳ то 14-и баъд аз зуҳр ба аҳолӣ барқ дода мешавад.
Дар зимн, “Барқи тоҷик” аз муштариён даъват кардааст, ки барқро сарфакорона истифода бурда, ҳаққи истифодаи онро сари вақт пардохт намоянд ва оид ба риоя нашудани таъминоти барқ ва садамаҳо бо шумораҳои 235-86-74, 235-86-60, 235 86 84 ва 610-60-50 ба ин ниҳод хабар бидиҳанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |