Оғози сафари 6-уми Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар пайи анҷоми сафари давлатияш дар Шри-Ланка, имрӯз, 16-уми декабр озими Ҳиндустон шудааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Ню Деҳлӣ Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти олимақоми ин кишвари дӯст самимона истиқбол гирифтанд: “Дар доираи ин сафар баргузории мулоқоту музокироти сатҳи баланди Тоҷикистону Ҳиндустон, дидору суҳбатҳои хосаи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияти олии ин кишвари дӯст, имзои санадҳои нави ҳамкорӣ ва дигар чорабиниҳои дорои аҳамияти байнидавлатӣ дар назар дошта шудааст”.
Ин шашумин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон аст. Боздиди охири ӯ соли 2012 сурат гирифта буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |