Бахшҳо

Баҳси нав барои парвозҳо: Душанбе боз “не” гуфт, Маскав боз таҳдид мекунад?

Вазорати нақлиёти Русия аз мақомоти Тоҷикистон талаб дорад, ки барои парвози ҳавопаймоҳои ширкати “Ямал” аз фурудгоҳи “Жуковский” ба Душанбе ва Хуҷанд иҷозат диҳад. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти Русия иттилоъ дода, афзудааст, дар ин замина моҳи ноябр зимни гуфтушуниди мақомоти тоҷику рус дар Маскав созиш шуда буд.

Аммо масъулини ширкати “Ямал”-и Русия мегӯянд, Хадамоти авиатсияи граждании Тоҷикистон барои парвози ҳавопаймоҳои ин ширкат дар масири Жуковский - Хуҷанд ва Жуковский- Душанбе иҷозат надода, далел овардаанд, ки парвозҳои феълӣ барои таъмини талабот кофӣ мебошанд. Аммо расонаҳои Русия ҷавоби радди Душанберо тарси мақомоти тоҷик аз рақобат дар бозори мусофирбарӣ арзёбӣ кардаанд.

Андрей Дубров, мудири тиҷории ширкати “Ямал” ба расонаҳои русӣ гуфтааст, нахустин парвози ҳавопаймояшон ба Душанбе бояд субҳи 20-уми декабр ва ба Хуҷанд 21-уми декабр амалӣ мешуд, аммо ба далели набудани иҷозатнома ба таъхир андохта шуд.

Вазорати нақлиёти Русия дар пайи ин иқдом эълон кардааст, ки “7-уми ноябри соли 2016 байни мақомоти ҳавонавардии Русия ва Тоҷикистон протоколе ба имзо расид, ки мувофиқи банди 2-юми он ҷониби Тоҷикистон барои тасдиқ кардани барномаи парвози ҳавопаймоҳои Русия муваззаф шудааст”.

Қаблан мақомоти тоҷик барои парвози ҳавопаймоҳои ширкати "Уральские авиалинии" низ аз фурудгоҳи Жуковский иҷозат надоданд. Аммо дар пайи таҳдиди Русия, ки тамоми парвозҳоро ба Тоҷикистон қатъ мекунад, мақомоти тоҷик барои парвози ҳавопаймоҳи "Уральские авиалинии" ба Душанбе иҷозат доданд ва нахустин парвоз аз фурӯдгоҳи “Жуковский” ба Душанбе 22-юми ноябр анҷом дода шуд.

Талаби нави мақомоти рус дар ҳолест, ки ба иттилои мақомоти тоҷик қисми бештари бозори мусофирбарии Тоҷикистон дар ихтиёри ширкатҳои русӣ қарор дорад.

Хадамоти авиатсияи граждании Тоҷикистон таносуби парвозҳои ширкатҳои русиягиро дар бозори мусофирбари Тоҷикистон нашр карда буд, ки бар асоси он қисми бештари бозор дар ихтиёри ширкатҳои русӣ қарор дорад: “Аз ҷумла дар хатсйри Душанбе–Москва–Душанбе аз ҷониби ширкатҳои тоҷикистонӣ - “Сомон Эйр” – 7 парвоз, “Тоҷик Эйр” – 7 парвоз ва аз тарафи ширкати русиягии “Ют Эйр” – 14 парвоз анҷом дода мешаванд. Аз фурудгоҳи Хуҷанд “Сомон Эйр – 3 парвоз, “Тоҷик Эйр” – 4 парвоз ва аз ҷониби ширкати русиягии “Сибирь” 7 парвоз амалӣ мешавад. Аз фурудгоҳи Кӯлоб танҳо ширкатҳои русиягӣ “Уральские авиалиний” - 4 парвоз ва “Сибирь” - 3 парвоз анҷом медиҳанд. Аз фурудгоҳи Қӯрғонтеппа низ ширкати русиягии “ВИМ Авиа” 7 парвоз дар як ҳафта анҷом медиҳад”.

Феълан ба ин ҷадвал боз парвози ширкати русии "Уралские авиалинии" аз фурудгоҳи Жуковский зам шуд. Мақомоти тоҷик изҳор медоранд, ки дар гуфтушуниди Маскав созиш шуд, ки ширкатҳои тоҷикистонӣ низ ҳақ доранд дар ин масир парвоз кунанд, аммо иттилои дақиқе дар ин маврид то ҳол ироа нашудааст.
Мӯҳр
Гастербай
Хатман ичозат дода шавад. Нарххоро ин ширкатхои мо ба осмон бароварда пули зиеди бедардимиенро чамъ карданд. Акнун бас аст. Бигзор ракобат шавад, нархо арзон шаванд.

Мусофир
Ширкатхои хавоии русхо нисбат ба ширкатхои точики хело ва хело арзон мебошанд. Бояд русхо албата ба Точикистон парвоз анчом диханд ва нархои чиптахо арзон мешаванд. Дар хама сохахо бояд ракобатпазири бошад.

Гастербай,-Бале дуруст мо тарафдори ракобат хастем, бигзор ТЧК барои парвозхо ичозат дихад то ин ки нархи чипта арзон гардад!!!

Ҳоҷӣ
Рост мегуед, бародар. Рақобат бояд бошад, дар дохили Тоҷикистон монополия бас нест.ки боз дар берун ҳам мехоҳанд яккатоз бошанд...Парвози русҳо ба фоидаи киссаи мардикори тоҷик аст...Гастербай,

и русора даст доди аз оринч мекапанд. Хамаи ширкатошона бароред аз Точикистон.

Барои мардуми точик билети самолет бояд аз 2500то3000 бошад ана баьд патентба мерасад мардум тез тез омада мераванд хавопаймохо бисер шавад

От Бешкека до Москвы билет стал стоит около 100 доларов а у нас.Пуст будет здоровый бизнес.

Ман хостам аз душанбе ба красноярск парвоз кунам аммо билет кимат буд 1450 сомон буд ман аз интернет дидам ки аз хучанд хавопаймои ямал ба красноярск парвоз мекардас билет 300 сомон хеле хуб мешавад ямал парвоз кунад

Бародарону хохарон бо кудакхояшон дар аэропорти Жуковский интизори ичозат шуда 1 сутка бесохиб борин истодаанд на обу на нон посольство хап хама хап!!! кор кунад мардуми бесохиб ба ки дардро гуяд ????

Ракобати озод хуб аст лек як чизи дигарро аз ёд набароред ки он пулеки ширкатхои хавои точикистон мегирад ба фоидаи Точикистон аст.. Фикри чайби худ мекунему фикри бучаи давлат фикри ободии фикри ояндаи ин миллатро ки мекунад? О а сад бист си фисади пули мухочири точикро дар руссия русхо мегиранд ягона ширкатхои точикистон ширкати сомон айр ва точик айр буд инхоро низ холашонро танг карда истодаанд... Мухочир дар руссия кор мекунад фоидаи онро руссия мебинад аз хисоби патенту аз дигару дигараш аз суи руссия ба точикистон интиколи пулро хам фоидаи бисёртараш ба чайби бонкхои руссия мебошад. Мухочир ба ватан баргаш пули будаашро барои банду басти зиндагиаш сарфа мекунад.. Аз ин сарфи маблаги у боз сохибкорон ё дигар сохахои хусуси фоида мебинанд. Пас ин пули нафака ин пули маоши муаллим пули дигару дигар аз кучо дода мешавад ? барои хамин фикри чайби худро мекунеду фикри ин кадари бокимондаро ки мекунад . Агар як мох нафака дертар шавад доду фарёди нафакахурхо мебарояд. Хулласи гап ин ки аз бегонахо хурданда худихо хуранд хубтар ягон фоидааш барои халки камбагал мерасидагист

[b]саломиддин[
Эй бародар ,ту сафсата нахон бо кадом акл чунин фикр мекуни . Хамон мухочири гуфтагит чайбхам надорад аз дасти шумо нахангони чашмгушна!
Аз хамин мушкилихои мухочирон хабар дориву боз мегуи бигзор пас аз чунин азоби дар сар дошта ,охирон рублхояшонро бо ширкатхои ватани супоранд ,пас зиндагияшонро чихел пеш баоранд?
Давлати Русия ин як давлати сохибистиклол аст ,монанди ТЧ ,ой барои будубоши мухочирон ягон осони фикр кардедми ,бо кадом акл боз мехохед талаву тороч кунед?

камунист
ба Саломидин. Бародар агар гуям воқеъан Ҷамшуди шояд қаҳрат ояд ва хатоҳам накардам. 1. Пули пенсионерону каркунони буҷавиро мисол оварди ки аз куҷо маош мегиранд агар ширкатҳои ватани амсоли Тоҷ эйр ва ғ.. баста шаванд. Барои муҳоҷир гап сари арзонии чиптаи кадоми компания меравад ва гап сари 10 сомониву 20 не балки 100$ меравад. Ширкатҳои руси билета бо нархи арзон мефурушанд магар дар Россия пенсионер нестми ё пенсияаашон нисбати пенсаи Тоҷик камтарми? Бо инқадар арзонфуруши пенса ва маъошошон 10-20 баробар зиёд. Арзон кунетон чиптара бовари дорам ҳамаи шаҳрвандон чиптаҳои ширкатҳои худира мехаранд лекин афсуууууус. Куҷо гуши шунавои ин носерон. Ууфффффффффф.

Ту агар акл медошти номатро комунист намекарди ! ман нафахмидам ки инкадар хоини миллат хоини ин давлат бисёр аст гап инчо барои чиптахои хавопаймо нест эй бесавод. Анамун джамшут ту барин бефаросату беаклхост ки номатон кардаанд ! инчо фишор болои миллату давлати точикистон аз тарафи руссия мебошад ту фикри сад доллари чайби худро мекуниву фикри ин давлатро намекуни ! имруз ширкатхоро фишор меорад фардо фардо болои миллату давлат фишор меорад эй бефаросат !!! Сомонахои интернетиро мутолиа намекуни ва аз ин дунё бехабари... Боз ултиматум мондааст парвозхоро катъ мекунад .. монанди ту ! босаводхо бошанд боз Точикистонро мустамликаи руссия мекунед. Бо инкадар азобу машакат Точикистон сохибистиклол шуд шукри анамин истиклолият кунед шукри анамин тинчиву осудаги кунед ... Лек бовар дорам тубарин комунист дар ду тини пучак хамачиро мефуруши.

камунист
Ба Саломидин. Воқеан ҶАМШУД будаи.1. Компания тоҷейр агар миллат бошад он 2 000 000 муҳоҷири ғариби Тоҷики дар Россия магар миллат нестанд ?. 2. шаркатҳои хусусиро аз давлату Миллат фарқ намекуни. 3. Барио тубаринхо "ГУР СУЗАДУ ДЕГ ҶУШАД" шиъор асту бас.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Январ 2023    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)