Бахшҳо
30 дек 2016 12:14Тоҷикистон / Сиёсат

Фурудгоҳи Душанбе: Қабулу парвози ҳавопаймоҳо оғоз шуд

Қабулу парвози ҳавопаймоҳо дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки ба далели тумани ғафс мутаваққиф гардид, аз соати 12:00-и имрӯз, 30-юми декабр аз сар гирифта шуд.

Дар ин бора ба “Озодагон” Ҷамила Ҳусейнова, сухангӯи фурудгоҳи байналмилалии Душанбе иттилоъ дода, афзуд, ки аллакай иҷозаи парвоз дода шуд: “Ҳавопаймоҳое, ки ба далели тумани ғафс дар пойтахт дар шаҳри Хуҷанд фуруд омада буданд, аллакай парвоз карданд ва дар роҳ ба пойтахт қарор доранд”.

Тумани ғафс, ки шаби 29 ба 30-юми декабр Душанберо фаро гирифт, қабули ҳавопаймоҳоро дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахти Тоҷикистон мутаваққиф карда буд. Дар натиҷа парвози ҳавопаймоҳои “Уралские авиалинии" аз Челябинск ва фурудгоҳи Жуковскийи Маскав, "UTair" аз фурудгоҳи Внуково, Тоҷик Эйр аз Маскав ва “Somon Air” аз Санкт Петербург ба таъхир афтоданд. Ҳавопаймои "UTair", ки шаби гузашта аз Маскав ба Душанбе парвоз дошт, ба далели туман дар Тоҷикистон дар фурудгоҳи Тошканд фуруд омад. Таъхири парвозҳо боиси саргардонии садҳо мусофир дар шаҳрҳои Русия гардидааст.

Масъулини фурудгоҳ ва ширкатҳои ҳавоии Тоҷикикстону Русия мегӯянд, таъхири парвозҳо дар пайи номусоидии боду ҳаво рух дода, ба моҷарои ҳавоии ахир миёни Душанбе ва Маскав рабте надорад.


Акс аз саҳифаи фейсбукии Ҷамила Ҳусейнова
Мӯҳр
Асалому алейкум апаи Чамила. Мехостем, ки Шумо ба рохбарияти Фурудгох расонен, ки сатхи хизматрасони дар Фурудгох бехад баъд шудааст. Обуруи Фурудгоз руз то руз паст шудаистодааст. Коргарони хизматрасонии руи замини дагалона бо мусофирон рафтор мекунанд бехуда мо ва аз мусофирони камбагал пул талаб мекунанд. Коргарони хизматрасони руи замини ришошон монанди муллохояй. Чаноб Оллий гуфтааст,ки дар чои чамъияти бе риш бояд коргарон бошанд вале мутасифона дар Фурудгох ин тавр нест.

ин озодагон хабархо ба охир расд чи.... йо лентатон канда шуд хомуш мегарден???

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2022    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)