Раиси ЖКХ: Нархи об дар Тоҷикистон 10% гарон мешавад
Алимурод Тағоймуродов, раиси “Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон” аз болоравии нархи об дар кишвар хабар дод.
Тағоймуродов имрӯз, 12 январ зимни як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, дар назар аст, имсол арзиши як метри мукааб об барои сокинон 10 дарсад боло бурда шавад. Ӯ афзуд, арзиши аслии як метри мукааб об 2,3 сомонӣ аст, вале феълан сокинон 80-90 дирам пардохт мекунанд: “Бино бар ин дар соли 2017 нархи об боло бардошта мешавад”.
Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналии Тоҷикистон” ки ҳамчун “ЖКХ” маъруф аст, қаблан иттилоъ дода буд, чизе бештар аз нисфи сокинони кишвар ба оби ошомиданӣ дастрасӣ доранд. Алимурод Тағоймуродов, раиси ин корхона 14 январи соли гузашта дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, ҳамагӣ 57 дарсади аҳолии кишвар ба оби ошомиданӣ дастрасӣ дорад. Ӯ мегӯяд, барои бо оби ошомиданӣ таъмин кардани 43 дарсади аҳолӣ 2 миллиард доллар лозим аст: “Агар мо ҳар сол 54 ҳазор доллари амрикоӣ аз худ кунем, барои пурра таъмин намудани аҳолӣ ба оби ошомидани 85 сол вақт лозим. Мо ҳамроҳ бо мутахассион ин масъаларо таҳлил карда, ба ҳукумат пешниҳод кардем”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |