Бахшҳо
18 янв 2017 09:35Тоҷикистон / Тема дня

Раиси Кумита чанг атрофи Маркази гармидиҳиро шарҳ дод

Хайрулло Ибодзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон шикояти қаблии сокинон аз чанг атрофи Маркази барқу гармидиҳии дуюми шаҳри Душанберо шарҳ дод.

Ӯ 17-уми январ зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, феълан сокинон дар мавриди фаъолияти Маркази барқу гармидиҳии дуюм, ки бо ангишт кор мекунад, ҳеч шикояте надоранд.

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист чанги қаблӣ атрофи Маркази гармидиҳиро ба носозии техникӣ рабт дод: “Буданд ҳолатҳое, ки вақте филтрҳо аз кор баромаданд, ҳамин проблема ҷо дошт. Ин ҳолат ҳамагӣ ҳафт соат давом карда буд”.

Ба гуфтаи Ибодзода баъди оғози фаъолияти Маркази барқу гармидиҳӣ аз ҷониби Маркази таҳлилӣ ва назоратии Кумита ва Агентии обуҳавошиносӣ ду дастгоҳи лаборатории замонавӣ харидорӣ шудаанд: “Ҳар даҳрӯза дар гирди марказ ва гирду атрофи Душанбе ченкуниҳо гузаронида мешаванд, нишондодҳои дастгоҳҳо аз меъёр зиёд намебошанд”.

Қаблан бархе коршиносон ва сокинон алайҳи фаъолсозии Маркази барқу гармидиҳии дуюми Душанбе дар маркази пойтахт изҳорот дода, таъкид намуданд, ки метавонад муҳити зисти шаҳрро ифлос гардонад, зеро бо ангишт фаъолият мекунад. Аммо масъулини Марказ мегӯянд, фаъолияти он бо меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯй буда, дар марказ дастгоҳҳои муосир насб шудаанд.
Мӯҳр
Агар хитоихо муовфики меъерхои чахони кор мекарданд, Пекину Урумчи ифлостарин аз хисоби хавои худ намебуданд. дар ин шахрхо низ хама чиз бо ангишт кор мекунад ва зимистон кулли мардум касал аз дасти хамин буггхонахо, нафас кашидан хеле мушкил аст. Акнун хаминхо омада барои мо мувофики меъери байналмилали корхонаи гармиву об месозанд.

Мухтарам раис оё Маркази Гармидиҳи, ки дар маҳаллаи Арбобхотун (Афгоно) чойгир аст низ бо филтр таъмин аст ва оё хар дахруза дар гирду атрофи ин марказ ченкунихо гузаронида мешаванд? Ҳар субҳ дару девор ва мошинхои дар хавли гузоштаи ахолии кучаи Арбобхотуни ш. Душанбе пур аз чангу дуди ангишт мешавад. Бегох хавои атроф бехад вазнин аст хатто дудро бо чашм хам дидан мумкин аст. Илтимос Озодагон ин масъаларо хам пешниход кунед.!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)