Даъвати футболбози тоҷик ба Баҳрайн
Нозим Бобоҷонов, нимҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон карераашро дар дастаи “Баҳрайн” идома медиҳад.
Ин бозигари 21-солаи тоҷик то даъват шудан ба “Баҳрайн” дар дастаи “Истиқлол”-и Душанбе бозӣ мекард. Дар гузашта ӯ дар ҳайати тимҳои “Рубин”-и Қазон, “Локомотив”-и Москав ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ба майдон баромадааст.
Аз дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон ба "Озодагон" гуфтанд, Бобоҷонов аллакай аз санҷиш гузашта ва тибқи шартнома то охири мавсими ҷорӣ бозигари "Баҳрайн" хоҳад буд.
Ин дуввумин бозигари тоҷик аст, ки ба дастаҳои Баҳрайн даъват мешавад. Қаблан Манучеҳр Аҳмадов, ҳимоятгари дигари мунтахаби футболи Тоҷикистон ба тими “Ал-Аҳл”-и Баҳрайн даъват шуда, аммо баъди чор моҳи бозӣ дар ин даста шартномаашро лағв кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |