“Масҷиди сафед” дар зодгоҳи Президент
Дар ҷойи масҷиди ба номи “Холид ибни Валид”, воқеъ дар маркази ноҳияи Зомини вилояти Ҷиззах, ки зодгоҳи Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури тозаинтихоби Узбакистон аст, масҷиди боҳашамате сохта мешавад.
Бино ба иттилои расонаҳо, ин ибодатгоҳро мардуми маҳаллӣ аллакай “Масҷиди сафед” ном гузоштаанд.
Масҷиди “Холид ибни Валид” таърихи 1300-сола дошта, ба маҷмааи таърихии “Хоҷа Аҳрори Валӣ” шомил аст.
Бахши узбакии Радиои Озодӣ мегӯяд, сокинони ноҳияи Зомин бовар доранд, масҷиди нав бо дастури Президент сохта мешавад. Ба иттилои мақомоти он кишвар, сохтмони масҷид ибтидои моҳи январ шурӯъ шуда, то 21 март ба анҷом хоҳад расид.
Ба иттилои манбаъ, айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар рӯзҳои истироҳат низ идома доранд. Масҷиди нав ду манора, як гунбаз, толори васеъ ва саҳни калон хоҳад дошт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |