Бахшҳо
19 янв 2017 17:02Тоҷикистон / Тема дня

Генерал Шоҳиён: Ҷунбиши замин садди Сарез, Норак ва Роғунро мустаҳкамтар мекунад

Генерал Рустам Шоҳиён, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон мегӯяд, табиат садди кӯли Сарезро чунон сохтааст, ки ҳангоми ҷунбиши замин он мустаҳкамтар мешавад.

Ӯ ин нуктаро имрӯз, 19-уми январ зимни нишасти хабарӣ таъкид карда, афзуд, ки ҳатто заминларзаи нуҳбала низ таъсир намекунад.

Шоҳиён шарҳ дод, садди неругоҳ Норак низ монанд ба Сарез бунёд шудааст ва дар оянда садди Роғун ҳам ба ҳамин шева сохта мешавад, ки ҳангоми заминларза мустаҳкамтар мешавад.

Манбаъ афзуд, дар кумита як бахше барои назорати ин кул фаъолият мебарад ва дар наздикии кул низ масъулин шабонарӯзӣ навбаттдорӣ мекунанд: “Ҳамчунин таҷҳизоти муосир дар кӯл насб шудааст, ки ҳамасоата ба марказ оид ба баланду пастшавии об ва миқдори хориҷшавии он маълумот мефиристад”.

Кӯли Сарез дар пайи як заминларзаи шадид дар шаби 18 феврали соли 1911 пайдо шуд. Куҳпора роҳи рӯди Мурғобро банд кард ва деҳаи Усой зери хоку санг монд. Дарозии ин кӯл 62 км, паҳнояш 3,3 км, жарфнояш то 500 метр аст. Ҳаҷми оби он 17 миллиард метри мукааб буда, вазнаш ба ҳисоби миёна ба 19 миллион тонна мерасад.
Мӯҳр
Холмирзо мутахассис
Ин генерал магар зилзилашинос аст? Барьакс Балли зиед аз хисоби фишори дохили 100% хавфикандашавиро дорад.Мустахкамкуниаш ин муаммо яьне ннодуруст АСТ.Инро метавонед аз китоби олими Япон К,Касахара < Механика землетрясений> бо формула ва исботаш мутолиа кард,

Точикобод
Ин генерал аз кадом табиат гап мезада бошад

Ачоиб хисоб 17млрд.м3 баробар ба 19млн.тонна бошад. Ё дар илмхои ризоиёт ва физика ягон тагироти кулли ворид шудаасту мо бехабар. Мана инро тараккиёт мегуянд.

Хами табиат як илоче мекард,ки сари офтобсара пас аз фастумгел молидан сермуй мекард.

мухочир
Як литр оби тоза 1килограм вазн дорад,зеро зичии об аз руи формулами Зичи= масса таксими хачм 1000 кг дар як метри мукааб, Хулоса дар ин кул 17 миллиард метри мукааб об, яьне 17миллиард тонна оби тоза вучуд дорад,Чунки 1метри мукааб об 1тонна вазн дорад,17миллиард метри мукааб (куби) 17миллиард тонна вазн дорад, Дар вакти зилзилаи 3-4балла фишори дохилии об(давление воды) ду маротиба меафзояд,,на ин,ки ГУМ шуда мустахкам мешавад, А Ч О И Б олимон дорем МО!,


Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)