Ҳамдардии Э.Раҳмон ба Руҳонӣ: Аз даргоҳи Худо сабри ҷамил хоҳонам
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба сӯхтор ва фурурезии калонтарин маркази тиҷории Теҳрон ба Доктор Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон барқияи тасаллият ирсол намудаст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми Эмомалӣ Раҳмон ба Руҳонӣ аз ҷумла омадааст, “Ҷаноби Олӣ, хабари фоҷеабори ҷон бохтан ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардум бар асари фурӯ рехтани бинои маркази тиҷоратӣ дар пойтахти Эрон дар натиҷаи сӯхтор боиси андӯҳи амиқи мо гардид. Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ҳамдардиву тасаллияти самимии ин ҷонибро ба мардуми дӯсти Эрон ва пайвандону наздикони фавтидагон изҳор намуда, аз даргоҳи Худованди мутаол ба онҳо сабри ҷамил ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам”.
Бинои қадимитарин маркази тиҷоратии Теҳрон, “Пласко” 19-уми январ дар пайи сӯхтор дар ошёнаи 17-ум фурӯ рехтааст. То ҳол аз марги дасти кам 30 сӯхторнишон иттилоъ дода шуда, ба иттилои расонаҳо аз 50 то 100 нафар зери харобаҳо мондаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |