Маҳкумияти ду тоҷик барои ҷонибдорӣ аз “ДИИШ” ҳангоми муҳоҷират
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ моҳи равон ду шаҳрванди Тоҷикистон - Асроров ва Мирзоевро барои ҷонибдорӣ аз ДИИШ равонаи зиндон кардааст.
Тибқи иттилоияи додситонии кулли Тоҷикистон ин ду нафар ҳангоми муҳоҷираташон дар Маскав бо аъзои фаъоли ДИИШ дар Сурия тариқи шабакаҳои иҷтимоии “Одноклассники”, «Вайбер» «Вотсап» ва «Телеграмм» робита доштаанд: “Мирзоев дидаю дониста, ки бародараш дар Сурия алайҳи ҳукумати қонунӣ меҷангад, барои ӯ соли 2016 тариқи бонк 800 доллари ИМА-ро интиқол додааст”.
Асроров дар он гунаҳкор дониста шудааст, худаш ғояҳои “ДИИШ”-ро қабул карда, бо мақсади сафар ба Сурия ду шаҳрванди дигарро барои шомилшавӣ ба ин созмони террористӣ ҷалб кардааст.
Тибқи иттилои мақомоти тоҷик соли 2016 дар кишвар 1367 ҷинояти дорои хусусияти террористиву экстремистидошта ошкор карда шуда, дар натиҷа 464 узви ташкилотҳои экстремистӣ ва террористӣ дастгир гардида, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |