Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бори сеюм Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар интихоб гардид.
Дафтари матбуоти ин кумита мегӯяд, маросими интихоби Президент дар 16-умин Ассамблеяи генералии ҳисоботию интихоботии КМОТ имрӯз, 26 январ сурат гирифтааст. Ба иттилои манбаъ, номзадии Эмомалӣ Раҳмонро аъзои Ассамблеяи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон пешбарӣ карданд. Бар асоси Оинномаи КМОТ Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои чаҳор сол (то соли 2020) интихоб мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2009 ва 2013 Президенти КМОТ интихоб шуд. Дафтари матбуоти КМОТ меафзояд,
"бо пешниҳоди Президенти кумита дар ҷаласаи аввалини Кумитаи иҷроия раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ва раиси Ассотсиатсияи намудҳои зимистонаи варзиш Шамсулло Соҳибов ноибони Президенти КМО ва Муҳаммадшо Абдуллоев котиби генералии КМОТ таъин шуданд".
Мӯҳр