Бахшҳо

Ниҳодҳои фасодзадатарини Тоҷикистон кадомҳоянд?

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоливу Вазорати маориф ва илм аз фасодзадатарин ниҳодҳои кишвар унвон шуданд.

Сулаймон Султонзода, раҳбари нави Оҷонсии зидди фасод имрӯз, 27 дар нишасти хабарӣ гуфт, соли 2016 дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 103 ҷиноят ва дар Вазорати маориф ва илм 90 ҷиноят ба қад расидааст: “Ҷиноятҳои коррупсионӣ дар Вазорати нақлиёт 24, Вазорати кишоварзӣ 13, Вазорати энергетика ва захираҳои об 11, Вазорати меҳнат 8, Кумитаи давлатии заминсозӣ 31-то ба қайд гирифта шудааст”.

Раҳбари оҷонсӣ афзуд, дар ҷамъиятҳои саҳҳомӣ 266, миёни соҳибкорони инфиродӣ 302, дар соҳаи бонкӣ 328 ва дар дигар идораву корхонаҳо 320 ҷинояти коррупссионӣ ошкор гардидааст. Ҷаноби Султонзода мегӯяд, давоми соли сипаришуда аз ҷониби ниҳоди зертобеаш 1833 ҷинояти коррупсионӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бештари он ба вилоятҳои Хатлон (511) ва Суғд (491) рост меояд: “Ҷиноятҳои коррупсионӣ дар Душанбе 401, Ноҳияҳои тобеи марказ 310 ва дар ВМКБ 120 ададро ташкил медиҳанд”.

Манбаъ мегӯяд, маблағи умумии аз ин ҷиноятҳо ошкоргардида 187,2 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки 96,1 миллион сомонии он барқарор шудааст: “Бештари инро ҷиноятҳои дуздӣ бо роҳи азонихудкунӣ ва исрофкорӣ ташкил медиҳад”.
Мӯҳр
Салом мухтарам озодагон хамаи мову шумо аз зинаи тахсилоти миёна ва олии касби гузаштаем маълумотхоятон миёна ва ё олии касби мебошад.
Находки хаминкадар бесаводона дар сайдхоятон нависед ха?
вазорати маориф ва илмро аз сохаи маориф ва илм фарк накумед?
Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро аз сохаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли фарк кунем?
Дар ин ду вазорат 50 ё 100 нафар коргар а дар сохахо бошад миллёнхо каргар ку бесаводона нанависед.

Вазорати Маориф ва илм аз донишгох то мактаби миена порагири ва ришвахури касе ба доди донишчу намерсад. АФСУСЕ!

QWERTY
Ниҳодҳои фасодзадатарини Тоҷикистон кадомҳоянд?
Хамон ниходхое ки корашон тафтишкуни хаст.

Наблюдатель
Что то не верится ки дар ин списка макомотхи гумруку андоз набошад.

187,2 миллион сомонии ба даст овардаро зуд ба маблаги намерасидагии Рогун НБО фирсонед.

Агар хоҳем, ки фасодкориву ришвахурӣ камтар шавад, бояд менталитети мардум ба пуррагӣ дигар шавад. Падару модарон бояд фарзандони худро барои саводнок кардан ҳарчӣ кӯшиш кунанд. Масъалаи дигар, мардуми тоҷик менталитети маҳалчигӣ дорад. Бояд аз ин бадбахтӣ мо ҳарчӣ зудтар даст кашем. Мо як миллат ҳастем, мо набояд фарқият байни маҳаллҳо гузорем....як кишвари аз ҷиҳати марзу ҳудуд хурд ҳастем, бояд дастаҷамъона барои решакан кардани порахурӣ саъю талош кунем. Ман мефаҳмам, ки маоши хизматчиёни давлатӣ, духтурон, хизматчиёни ҳарбӣ, муаллимон кам аст. Лекин, бояд қайд кунам, ки пораро худи мардум медиҳад, ки барои ҳарчӣ зудтар коррашро ҳал кунад. Яъне қонуншиканӣ аз ду тараф ба анҷом мерасад. Аз як тараф мансабдор тамаъ мекунад, аз тарафи дигар мардуми оддӣ. Яке аз сабабҳои порахурӣ ин паст будани савияи дониши худи мардуми оддӣ аст. Аз ин аксарияти мансабдорон истифода мебаранд. Вақте, ки мардуми оддӣ қонундон мешавад, порахурӣ кам мешавад, чунки аллакай мардум ҳуқуқи худро медонад. Агар хоҳем, ки ба Тоҷикистонамон ба яке аз кишварҳои пешрафта табдил ёбад, бояд мо барои баланд бардоштани менталитети худ ва саводнокии худ дастаҷамъона кӯшиш намоем. Қувваи асосии давлати мардум аст. Инро мо ҳеҷ вақт набояд аз хотири худ барорем.

Тахлилгарони мухтарам барои чи Вазорати корхои дохили нест ича?

Кодир
Озодагон, шумо як рубрикаи нав бо номи " Пешниходхо бахри ободии Ватан" -ро ташкил намоед. Бигзор хар ватандусте, ки хунаре дорад, пешниходе дорад, бахри пешравии Ватан дар хаминчо нависад. Дар акси хол ягон пешрави намешавад. Окибат сафи дуздону порахурон танхо афзош меебад.
Саломат бошед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)