Бахшҳо
31 янв 2017 15:31Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Шарҳи муовини вазир дар бораи камтаваҷҷуҳии сармоягузорон ба минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ”

Умед Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мизони пасти сармоягузорӣ ба минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ”-ро ба масоили амниятӣ дар марз бо Афғонистон рабт дод.

Ҷаноби Давлатзод имрӯз, 31 январ дар нишасти хабарии вазорат гуфт, тамоми инфрасохтор барои истеҳсолот дар ин минтақа мавҷуд аст. Ӯ афзуд, минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” дар маҳалли хеле хуб, шафати пули Панҷи поён, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон мепайвандад, ҷойгир аст, “аммо масъалаи амнияти сарҳад давоми ин солҳо дар сатҳи баланд набуд. Сармоягузори хориҷӣ новобаста аз он ки инфрасохтор ҳаст, барқ ҳаст, девор иҳотабандӣ шудааст, замин ҳаст, тамоми инфрасохтор фароҳам аст, лекин сармоягузор вобаста ба амнияти сарҳад метавонад, ки аз сармоягузорӣ худдорӣ кунад”.

Ба гуфтаи муовини вазир, феълан дар минтақаи мазкур ду ширкат ба фаъолияти истеҳсолӣ машғуланд, ки соли сипаришуда ба маблағи 136,9 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд. Умед Давлатзод дар идома гуфт, минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар ҷаҳон ҳама вақт самарабахш намешаванд: “Дар дунё ба ҳисоби миёна агар 2000 минтақаҳои озоди иқтисодӣ бошад, фоизи муваффақи онҳо 35-40 дарсадро ташкил медиҳад, вале новобаста аз ин ҳукумати Тоҷикистон кушиш дорад ин минтақаҳо самаровар бошанд”.

Дар Тоҷикистон чор минтақаи озоди иқтисодӣ мавҷуд аст, ки бузургтаринаш дар Данғара ҷойгир мебошад.
Мӯҳр
хато кардед, бузургтарин ва муваффактарин минтакаи озоди иктисодии Точикистон -Сугд мебошад, ки ба он аллакай беш аз 100 млн дол. мабагггузори шудааст...

ватандуст
Дар минтакаи озоди иктисодии Ишкошим таи шаш сол ягон корхона сохта нашудааст.

Рахматулло
Бояд минтакаи Озоди иктисодии Панч маблаггузори шавад, зеро пули калонтарин дар Панчи поён сохта шудааст. Инчунин Семент, картошка, чубу тахта дар химин минтака доду гирифт карда мешавад. ва даххо имконоти дигар мавчуд аст....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)