Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 104 Рақибони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон 17 март муайян мешаванд » Озодагон
Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 21 июл 2019, 07:16

Рақибони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон 17 март муайян мешаванд

16 феврал 2017, 16:04

Рақибони тими ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол (U-23) дар даври интихобии мусобиқоти Осиё-2018 рӯзи 17 март муайян мешаванд. Ин мусобиқа аз 15 то 23 июл баргузор мешавад.

Қуръакашии даври интихобӣ дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпур доир мешавад. Барои иштирок дар ин мусобиқа 42 тими мунтахаб дархост фиристодаанд. Ба минтақаи ғарбӣ 22 даста – Ироқ, Қатар (мизбони бозиҳо), АМА (мизбон), Эрон, Урдун, Узбакистон, Сурия, Арабистони Саудӣ (мизбон), Омон, Қувейт, ТОҶИКИСТОН, Покистон, Фаластин (мизбон), Баҳрейн, Ҳиндустон, Қирғизистон (мизбон), Ливан, Афғонистон, Бангладеш, Шри-Ланка, Непал ва Туркманистон шомиланд.

Дар минтақаи шарқӣ 20 даста – Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Кореяи Шимолӣ (мизбон), Австралия, Тайланд (мизбон), Чин, Ветнам (мизбон), Индонезия, Мянма (мизбон), Лаос, Малайзия, Тимори шарқӣ, Тайбэйи чин, Камбоҷа, Сингапур, Муғулистон, Ҳонконг, Филиппин, Бруней, Макао.

Дар пайи қуръакашӣ дар минтақаи ғарбӣ 3 гуруҳи 5 дастаӣ ва 2 гуруҳи 4 дастаӣ ташкил мешавад. Дар минтақаи шарқӣ бошад, 5 гуруҳи 4 дастаӣ таъсис меёбад.

Ба қисмати финалии мусобиқа, ки аз 9 то 27 январи соли 2018 дар Чин баргузор мешавад, ғолибони 10 гуруҳ ва 5 дастае, ки дар гуруҳи худ бо нишондодҳои беҳтар ҷои дуввумро ишғол кардаанд, роҳ меёбанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!