Бахшҳо

4 пешниҳоди “...она” ё буҳрони фикрӣ дар Тоҷикистон

Иршод СУЛАЙМОНӢ

Дар чанд рӯзи ахир шоҳиди 4 пешниҳод аз ҷониби ниҳод ва шахсони алоҳидае шудем, ки дар ҷомеа баҳсҳои гарм ва зиёдеро ба бор овард: Бозгардондани ҳарфи русии “ц” ба алифбои сирилики тоҷикӣ аз ҷониби Пажуҳишгоҳи забону адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хатии Академияи улуми Тоҷикистон;
Оғози соли таҳсил барои хонандагони макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ аз 1 август, аз ҷониби Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Тоҷикистон;
Маҳдуд кардани вуруди деҳотиён ба шаҳри Душанбе, аз ҷониби вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, доктори улуми ҳуқуқшиносӣ, Раззоқов Баҳодур Ҳаётович;
Ба забони русӣ роҳандозӣ кардани тадриси фанҳои таълими меҳнат ва тарбияи ҷисмонӣ дар мактабҳои Тоҷикистон аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.

Ҷомеаи огоҳ (ҷомеаи расонаӣ ва илмиву идорӣ)-и Тоҷикистон ин пешниҳодотро дар баҳсҳои расонаӣ ва худмонӣ напазируфт. Мубтакирини ин пешниҳодҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр интиқод намуданд. Ман ҳам се нуқтаро дар сарлавҳа ба он хотир мондам, ки шумо ҷойи он вожаи мувофиқро аз диди худ бигзоред. Шояд вожаҳои оқил-, хирад-, нобихрад- ва ҳар вожаи мувофиқи дигарро бигзоред. Аммо ҷойи таассуф ва андеша аст, ки ин гуна пешниҳодҳои ғайримантиқиву ғайриилмиву зиддинсонӣ аз ҷониби шахсиятҳо ва ниҳодҳои фикриву пажӯҳишӣ ироа шудаанд. Магар ин гуна пешниҳодҳо аз буҳрони фикрӣ ва ё адами андешакадаҳои фикрӣ дар ҷомеаи мо қисса намекунад?

Баҳси “бозгашти сарбаландона”-и ҳарфи “ц” бо ин ки Кумитаи забон онро напазируфт (ва бисёр кори дурусту мантиқие кард) хомӯш шуд. Умедворем ин гуна пешниҳоди нозаруру ғайриилмиву хандадор, ки тафаккури истеъмории бархе аз олимони моро ба намоиш гузошт, ҳеч мавриди дигаре матраҳ нашаванд. Ба пешниҳоди нозарури Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Тоҷикистон, ки мехостанд оғози соли таҳсилро барои хонандагони мактабҳо аз моҳи август таъин кунанд, чанде аз вакилон мухолифат карданд, ки шояд дубора вориди баҳс нашавад. Пешниҳоди ғайриилмиву зиддиинсонии вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, доктори илми ҳуқуқ Раззоқов Баҳодур ҳам дар сатҳи шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр ба боди интиқод кашида шуд. Ҳоло баҳси гарме дар давру бари ба забони русӣ тадрис кардани фанҳои “таълими меҳнат ва тарбияи ҷисмонӣ” дар мактабҳо идома дорад ва умедворем, ки ин гуна тасмимҳои тамаллуқӣ ва истеъморгароёна ҳам қабул нахоҳанд шуд.

Вале ҷойи нигаронӣ ин аст ки шӯрбахтона дар Тоҷикистон, ки ин қадар мушкилу муаммо дорем пешниҳодҳои мантиқиву илмиеро, ки барои беҳ шудани сатҳи зиндагии мардум равона шуда бошанд намебинем. Оё ҷомеаи фикрии Тоҷикистон ба бунбаст ва буҳрони фикрӣ расидааст ё ҷасорат дар ниҳодҳои фикрии мо ҷон ба ҷонофарин супурдааст?

Дар ҳар 4 маврид ҳам пешниҳодҳо истеъморӣ ва тамаллуқӣ мебошанд. Магар дар мавриди забон мо мушкилоте бузургтар ва муҳиммтар аз ҳарфи “ц” надорем? Дорем, аммо забоншиносони муҳтарами мо бештар ба корҳои ҳошияиву салиқаӣ машғуланд. Ё 1 август кардани оғози соли таҳсил барои мактабҳои ҳамагонӣ ягона мушкили шумораи аввали маорифи кишвар аст? Ҳеч далели ҷиддие ҳам Пажуҳишгоҳ дар ин замина ироа карда натавонист. Далели марказияшон ин буд, ки шуруъи соли таҳсил аз 1 сентябр вомонда аз низоми таҳсили шӯравист, ҳоло он ки дар бештари дунё соли таҳсил аз 1 сентябр оғоз мешавад ва ҳатто дар мадрасаҳои Бухоро ҳам соли таҳсил аз миёнаҳои сентябр оғоз мегардид. Тақрибан дар тамоми дунё дарсҳо баъд аз 20 август оғоз мешаванд. Дар ин миён Ҷопон ва қисме аз кишварҳои қитъаи Амрико соли таҳсилро дар баҳор шуруъ мекунанд.

Дар мавриди пешниҳоди вакили шаҳри Душанбе, ки росту дақиқ як пешниҳоди тамаллуқӣ буд, бояд бештар ҳарф зад. Вақте чунин пешниҳоди ғайриқонунӣ ва ғайриҳуқуқӣ аз ҷониби доктори илми ҳуқуқ ироа мешавад, ҳатман ба унвони докториаш шубҳа пайдо мешавад. Дар асри XXI, ки ҳуқуқи инсон яке аз арзишҳои умумибашарист, чунин пешниҳод зиддинсонист. Мардуми як кишварро аз нигоҳи иҷтимоӣ (на ҷуғрофиёӣ) ба деҳотиву шаҳрӣ ҷудо кардан ва маҳдуд кардани вуруди мардуми деҳот ба далели нашинохтани қавоиди шаҳрнишинӣ як пешниҳоди синфгароёна ва зиддибашарист. Зеро аз нигоҳи илми ҳуқуқ, ки мутаасифона ҷаноби вакил дар ин ришта унвони дуктуро дорад, фарқ гузоштани инсонҳо бо далоили синфию иҷтимоӣ (шаҳриву деҳотӣ) нодуруст ва ҳатто мешавад гуфт, ки ҷиноят аст. Ҳеч кас ҳақ надорад як инсонро аз сафар кардан ба ин ё он минтақа ва ё давлату кишвар манъ бикунад, ба ҷуз мавридҳое, ки қонун пешбинӣ мекунад.

Роҳандозӣ кардани тадриси дарсҳои “таълими меҳнат ва тарбияи ҷисмонӣ” ба забони русӣ ҳам як пешниҳоди тамаллуқист, ки мутаасифона аз тафаккури истеъмории мо реша мегирад. Шояд далел мубтакирон ин бошад, ки аксари мардуми мо ба муҳоҷират мераванд ва омӯзиши дарси меҳнат ба русӣ як амри зарурӣ бошад. Аммо ин пиндор як пиндори бардагиёна ва истеъморгароёна аст. Чиро мо дар фикри эҷод кардани шуғл набошем, чиро мо дар фикри аз вобастагии сиёсиву иқтисодӣ раҳондани кишвар набошему бештар сайъ ва талош кунем, ки кишвар ва мардумро вобастатар намоем. Магар дар тамоми маврид муҳоҷирони мо ба сифати фишанги фишори сиёсиву иҷтимоӣ қарор нагирифтаанд? Оё пойбандии иқтисоди кишвар ба пули муҳоҷирон осебпазир будани иқтисоди моро дар буҳрони феълии иқтисодӣ ба намоиш нагузошт? Дар мактабҳои тоҷикӣ бо русӣ ва ҳар забони дигаре роҳ андохтани тадриси дарсҳои ҷудогона эҳтиром накардани истиқлоли кишвар ва худшиносии миллист. Ин роҳ андохтани густариши ҳамон ҳувияти духура ва ё дугонаест, ки барои ташаккули миллати воҳид халал ворид мекунад. Барои ҳамин ин пешниҳодҳоро ман ...она номидам. Вожаи заруриро Шумо бигузоред, хонандаҳои азиз.

Ҳайф аст, ки докторҳову ниҳодҳои мо ба бунбасти фикрӣ расидаанд...
Мӯҳр
роҳгузар
ин се нуқта "дев" будааст

Бисер махмадонои мекуни Чаноби Сулаймони! Дуруст аст, ки бояд забони русиро омузем, зеро бо он забони модари мо аз сархад як метр бароем дигар касе моро намефахмад. Ин аст, ки моро Чамшуд гуфта масхара мекунанд. Дар Точикистон ягон Вазир е мансабдорон озодона бо забони Руси е англисию дигару дигар гап зада наметавонанд. Як бор ба баромадхои кормандони Узбекистону Казокистон, Киргизистону дигар давлатхо нигаред, озодона бо забони Руси харф мезананд, ки хатто "акцент" надоранд. Дар мо бошад "зачем хлеб" гуен фикрашонро Баен карда наметавонанд. Факат айби якдигарро ефта чавоб гардонданро медонему халос...

коратон набошад)
О Хамин ту чанд руз кабл нанавишта буди, ки тафаккури кишлоки хатар ба амнияти милли дорад?? Как хамелеон отступишь от своего мнение. И для достижение вышей цели пользуешься новыми словами с арабскими корнями... Я так и узнаю, что вы не будите публиковать мое мнение. Но это не имеет значение. Мне достаточно то, что шумо бубинед ин навиштахоро... Хусусан баъзе аз сиёхдилони рузномаатон)

Беҳтарин ибрози назар дар ин мақола ҳувайдост ва бошад, ки назарандешон ва равшанфикрони мо зиёда гарданд ва ҷои он тангназарон ва кутоҳандешон дар ҷомеаи башарӣ гирифта шавад.

Саид
Акаи Иршод дар хама мавзуъ гап мезани да

Бобо
Беном,
Бисёр масъалаи мухиро дарҷ кардааст. Омузиши забонҳои хориҷи ин як пешрави барои Давлату миллат аст. Локин дар мактабҳо таълими фанҳое, ки бояд бо забони модари бошад ин фикри хатост. Чи мактабҳои Тоҷикистон ин қадар бесаводона шудаанд, ки фақат Ҷамшуд мебароранд?? На куҷост ҳуввияти милли? Куҷост ватандусти ? Ватанро бояд бо тамоми вуҷуд дуст дошт, томоми хору хасашро дуст дошт. Мо бояд ҳамон хел зиндаги кунем, ки барои оянда созанда бошем.

Салим
Аввлан забони точикиро бояд тоза кард. Имрузхо забони мучриёну ровиёну гуяндагону барандагону ва ... тамоман дар чорчуби забон рост намеояд. Дар родиё ва телевизорхо як муд шудаст, ки хабари чумларо аввал мегуянд мубтадоро охир мебаранду як забоне мешавад, ки Раббулчалил худаш хайр кунад. Калимахо точики сохтор номаълуб. Масалан мучрие мегуфт"Дар ҳамин руз намедонам чанд соли пеш таваллуд шудаст хунармади фалону фалон" мушоллох ин сохтора бинед...
Дигар бахс сари харфи Ц нест балки чаро мо менависем "Сехи тунука" "сехи дузандаги" Эй бародархо охир мачбур хастед, ки хатман цехи русиро сехи точики кунен? охир калимахои корхона, коргох ё коргах доштем чаро истифода нмекунед. Дуруст, ки мо... эээээ монен бас хаста шудем аз ин вазият

Точик
Маълум мешавад, ки дар мо докторхо бесавод будаанду факат хамин журналистхо босавод. Бечора докторхо аз ватан берун рафта наметавонанд. Ин журналистхо имруз дар Амрикову пагох дар Германия, фардо дар Дубаю Шиведсария. Барои хамин чахонбинаашон васеъ. Значит аз китобхониву китобнависи босавод намешави, Америка рав, ана ту босавод, хама таълим медихи, хама гапата гуш мекунанд, ту кахрамон, монанд Сулаймони...

Камол
Худи Иршод Сулаймони як нафар аз онхоест, ки забони русиро намедонанд ва хеч намехоханд касе бо ин забон харф занад. Аз дунё бехабар аст мардак, ба хорича нарафтааст, агар рафта хам бошад ба Амрикову мЧину Аврупову Хинду дигар аксои олам, дуруст мушохида ва тахлил намекунад боре инро ки чаро бояд бо руси харф назад ва онро наомухт? Захр дорад? Бигузор хама саросар ёд гиранду донанд, бигузор дар кучахо навиштао, номхо, шиорхои ба забони руси хам бошанд, ба забони англиси хам. Оё аз ин обруи забони точики кам мешавад? Обруро ичборан оварда ва батани касе пушонда нкамешавад. Иршод Сулаймони вактхои охир бисёр менависаду харф мезанад, бигузор сафи чунин чавонхои бедору босаводи точик, ки оракал гап зада ва фикрашонро баён карда метавонанд, зиёд шавад. Ахсану офарин. Вале хатову сахви чавонхоро хамоно гуфтану ба чомеа фахмондан лозим, то ки хам худи ин чавонхо ва хам дигар ахли чомеа ба бунбаст нараванд ва дар охир "Афсус!" нагуянд.
роҳгузар,

Беном,
Забони адаби бархам хурдааст мачалаву телевизор нофахмо. Мохи август барои дарсомузи нодуруст.Харфи Ц хатман зарур забон зарар намебинад. Хукукшинос шояд фикрашро дигар гуфтани буд оди дашном ва хакоратхо дар наклиет чойхои чамьияти чамьияти одат шудааст. Дарси мехнат ва физкультура терминхои чахонии тарчуманашаванда доранд бигзор бо забони Руси бошанд.

Салом
Огои Сулаймони хело хам суханхои чолибу макбулеро пешниход намудаи.Донистани забон хуб аст, аммо забоне, ки манфиат биорад.Забоне, ки алайхи фархангу забони милли хатар эчод накунад.

Неъматуллои Нурулло
Аввалан, бародарон ҳар касе, ки чизе менависад, бояд номашро нахуст нависад. Дар сурате, ки бе ном ҳар чи сафсата менависад ин аз сиёҳдилӣ, буздилӣ ва тарсончакист. Ман тарафдори онам, ки агар ҳар касе, ки номашро наменависад, хоҳ сухани ҳақ бигуяд ё ноҳақ чоп накунанд. Беном чоп кардан ба хараҷу марақ мебарад, мисли он шахсе, ки Сулаймониро мегуяд, ки: бисёр маҳмадонӣ мекунӣ...Охир, маҳмадоно ва гумроҳ касе ҳаст, ки беном ҳар чи сафсата бихоҳад, менависад. Ва дигар ин ки ту маҳмадоно русидонии баъзе миллатҳои ҳамсояро тавсиф кардаӣ...Ин хандаовар аст. Дар Тоҷикистон забондонҳои мо, хусусан русиро хуб ва аъло медонистагӣ зиёданд. Ва дуюм, ин ки: болотар аз ҳама амали хубу арзанда барои пешравии миллату Ватан аст, на "много пустой болтавня"....

роҳгузар,
роҳгузар,

Салом бар хама коркунони радио мутаассифона хиле бесавод будаст Ин доктор

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)