Муассисаи давлатии солимгардонӣ ва ҳифзи кӯдакони шаҳри Хуҷанд, ки чанде қабл таъсис ёфта буд, бачагону ятиму бепарастор ва душвортарбия, фарзандони оилаҳои носолим, ҳамчунин кӯдакони волидайнашон дар муҳоҷирати меҳнатӣ бударо аз кулли гӯшаву канори вилояти Суғд ба паноҳи худ гирифтааст.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз маркази иттилоот ва таҳлилии ҳукумати шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, дар ин ҷо барои тарбияи бачагон тамоми шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд ва ин масъала ҳамеша таҳти назару таваҷҷӯҳи роҳбарияти шаҳру вилоят қарор дорад. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов як рӯз қабл ба аёдати тарбиятгирандагони ин муассиса омада, ба онҳо ба миқдори лозима маводи хӯрокворӣ овард.
Ҳамзамон, ҷаноби Каримов бо кору бор ва фаъолияти мураббиён, ҳолу аҳволи бачагон, вазъи утоқҳои корӣ, толори варзишӣ, рафти ҳунаромӯзии бачагон шинос шуда, баҳри ҳалли муаммою масъалаҳои мавҷуда, беҳдошти шароити зисту тарбия, таъминот бо сарулибос ва маводи ғизоӣ ба масъулин дастуру супоришҳо дод.
Мӯҳр