Дар пайи як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯии мақомоти интизомӣ дар ноҳияи Исфараи вилояти Хатлон шаҳрванд, Азизов Ҳ.-и 54 сола бо ҷурми қалобӣ дастгир шуд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКД хабар доданд, ӯ сокини ҷамоати Сурх буда, бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Баҳром Бобоеви 55- сола, сокини кӯчаи Бинокорон, собиқ муовини раиси ноҳияи Исфара, моҳи январи соли 2010 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Шералиева М., сокини кӯчаи Садои Шарқ, даромада барои 0,6 сотих қитъаи замин аз мавзеи «Сомониён» ва 1 сотих аз деҳаи Офтобрӯяи ноҳия аз ӯ 44000 сомонӣ гирифта, ба эҳтиёҷоти худ сарф намудаанд. Феълан нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр